Гуруҳ оид ба офиятбахшӣ: Дар семоҳаи сеюм 10 нафар офиятбахшӣ гузаштанд

Дар давраи июл - сентябри соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо 10 нафар (7 мард ва 3 зан) барои офиятбахшӣ фиристода шуданд. Аз онҳо 6 нафарашон бевосита ҷабрдидагони шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, 4 нафари дигар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмонаанд. Як нафар бо сабаби он, ки аз толори суд ба ҳабс гирифта шуд, натавонист кӯмак бигирад.

Кӯмакҳои тиббӣ, иҷтимоиву равонӣ расонида шуд. Нуҳ нафар аз шумораи 10-нафара аз муоинаи тиббӣ гузаштанд ва кӯмаки тиббӣ (5 амбулаторӣ ва 4 статсионарӣ) мегиранд. Ҳамаи 9 нафар бо кӯмаки равонӣ таъмин карда мешаванд.

Ҳадафи Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад.

Аз 18 то 22-юми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни як сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар Грузия ва Арманистон дидан намуданд.

Ҳайати тоҷикистонӣ аз намояндагони Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ иборат буд.

Аъзои Эътилоф бо тартиби ташкили ҳайати кормандони марказҳои офиятбахшӣ, бо сохтор, бо санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти онҳо, бо сохторҳои марказҳои барои кор бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо зарурӣ ва бо хизматрасониҳое, ки дар ин марказҳо дастрас кардан мумкин аст, шинос шуданд. Инчунин, аъзои Эътилоф имконият пайдо карданд, ки бо ҳар як мутахассис алоҳида, вобаста ба самти фаъолияташ суҳбат намоянд. 

NoTorture.Tj