Гуруҳи расонаӣ - сарчашмаи иттилоот оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ВАО барои инъикоси масоили шиканҷа ва ба вуҷуд овардани сиёсати «таҳаммулпазирӣ» ба шиканҷа афзалияти бештар медиҳад. Инъикоси ҳолатҳои инфиродии истифодаи шиканҷа ва раванди мурофиаҳои судӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқи миллӣ ва байналмилалӣ ба ин масоил ва муттаҳидсозии талошҳои онҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат менамояд.

Гуруҳи расонаӣ намояндагони ташкилотҳои узви Эътилоф ва рӯзноманигорони алоҳидаро муттаҳид месозад. Котиботи Гуруҳи расонаӣ аз ҳамоҳангсоз, се нафар мутахассис оид ба инъикоси масоили шиканҷа ва ян нафар IT-мутахассис иборат аст.

Аз 27-уми май то 26-уми июни соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа чорабинии якмоҳа гузаронид.

Дар давоми моҳ ҳамарӯза дар торнамои Эътилоф ва саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ яктоӣ иқтибос аз фаъолони шаҳрвандӣ - волонтёрҳо, чеҳраҳои шинохта, ҳимоятгарони ҳуқуқ, намояндагони санъати Тоҷикистон ба дастгирии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона пахш гардид. Эътилоф бо истифода аз ин иқтибосҳо тақвимҳои кисагӣ барои соли 2020 омода намуд, ки дар рафти чорабиниҳои асосӣ тақсим карда шуданд. Инчунин, футболкаҳо бо шиори “Талошҳоямонро муқобили шиканҷа муттаҳид месозем!” омода ва ба иштирокчиёни чорабинӣ тақдим карда шуданд.

22-юми июн дар шаҳри Хуҷанд ва 26-уми июн дар шаҳри Душанбе аксияҳо бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо доир гардиданд. Дар чорабиниҳо зиёда аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони мақомоту оҷонсиҳои давлатӣ, Вазорати адлия, ВКД, КДАМ, мақомоти прокуратура, судҳо, Ваколатдор, Иттифоқи адвокатҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дипломатӣ, инчунин нафарони хоҳишманди дастгирӣ намудани қурбониёни шиканҷаву муносибати бераҳмона ва аъзои оилаҳои онҳо иштирок карданд.

Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа намоиши анъанавии аксҳо гузаронида шуд. Чорабиниро “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон баргузор намуд. Дар намоишгоҳи аксҳо 18 қиссаи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар, ки дар ҷомеа сарусадои зиёд ба бор оварда буданд, пешниҳод гардиданд. Иштирокчиён имкон ёфтанд, ки филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон бо шиканҷа мубориза мебарад»-ро тамошо кунанд.

Дар шаҳри Душанбе дар толори «Вефа-центр» даҳ адад тасвир-овезаҳо пешниҳод карда шуданд, ки аёнан нишон медоданд шиканҷа чист, дар куҷо метавонад рух диҳад ва муҳимтар аз ҳама, чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст. Намоиши корҳои рассоми фаъол бо усули видеоӣ ва аёнияти театрикунонидашуда, ки ба муқобили зӯровариву шиканҷа равона гардида буд, роҳнамоӣ гардид.

Флешмоби «Ман ҳуқуқҳои худро медонам!»: 9-уми декабри соли 2019 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) оид ба масоили ҳуқуқи инсон дар марказҳои савдои пойтахт флешмоб ва викторина гузаронид.

Мақсад аз гузаронидани флешмоб боло бурдани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба ҳуқуқи инсон, кори ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон буд.

Дар чорабиниҳо волонтёрҳо иштирок доштанд, ки дар бораи таърихи Рӯзи ҳуқуқи инсон нақл карда, инчунин буклетҳои аз ҷониби ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омодашударо тақсим намуданд. Ба сифати туҳфаи хотиравӣ иштирокчиёни викторина дастгоҳи қуввадиҳӣ (PowerBank, 10 дона), термоистакон (40 дона) ва туҳфаи асосӣ - дарзмолҳои бисёрсифата (8 дона) гирифтанд. Ҳар як туҳфаи хотиравӣ рамзи аксия ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрванлдӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро дошт.

Дар соли 2019 аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 328 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 157 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 4, таҳлил - 15, фоторепортаж - 6, гӯшаи “Ман ҳимоятгари ҳуқуқам!” - 16, матолиби иттилоотӣ - 107, инфографика - 2, матолиби видео ва аудиоӣ - 2, матолиб аз дигар манбаъҳо - 5), бо забони тоҷикӣ 129 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 5, таҳлил - 11, фоторепортаж - 9, гӯшаи “Ман ҳимоятгари ҳуқуқам!” - 16, матолиби видео ва аудиоӣ - 12, шарҳи матбуот - 2, матолиби иттилоотӣ - 74), бо забони англисӣ 42 матлаб (варақаҳои иттилоотӣ - 7, фоторепортаж - 7, матолиби иттилоотӣ - 28) пахш карда шуд.

Ҳамаи иттилоот дар саҳифаҳои торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бознашр мешаванд.

Торнамои Эътилоф ҳамчун сарчашмаи аввалия дар мавриди дастрас намудани иттилооти босифату воқеӣ ба дигар ВАО-и Тоҷикистон шинохта мешавад. Қисман, ВАО-и пешрави Тоҷикистон иттилои дар торнамои Эътилоф пахшшударо бознашр мекунанд ва ё аз он иқтибос меоранд.

Дар соли 2019 шумораи нави боздидкунандагон то 160 ҳазору 327 нафар расид.

Маълумоти боз ҳам муфассалро оид ба фаъолияти Гуруҳи расонаӣ метавон дар торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org дарёфт.

Хабарҳои моро дар FacebookTwitter ва Telegram пайгирӣ намоед.

NoTorture.Tj