Хатлон: Маҳкумияти ду хизматчии ҳарбӣ барои латукӯби ҳамхизматашон

Хатлон: Маҳкумияти ду хизматчии ҳарбӣ барои латукӯби ҳамхизматашон

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ду нафар хизматчии ҳарбии қисми низомии 2931-и қӯшунҳои сарҳадиро, ки ҳамхизмати худро бераҳмона латукӯб кардаанд, маҳкум намуд.

Тавре ба «АП» судяи Суди ҳарбии гарнизони Хатлон Мирмахсумиён Исмоилбек хабар додааст, 25-уми июли соли 2014 хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 2931-и қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Шӯрообод - Сайёд Исмоилов ва Рамазон Сафаров дар майдончаи варзишии дастаи сарҳадии «Баҳористон» ҳамхизмати худ Нарзулло Саидовро таҳқир мекунанд. Аммо ба ин қонеъ нашуда, С. Исмоилов ба сари Н. Саидов бо вазнаи варзишӣ мезанаду Р. Сафаров бо қундоқи автомат, ки дар натиҷа хизматчии ҳарбӣ аз ҳуш рафта, ба беморхона интиқол меёбад.

Нисбати С. Исмоилов ва Р. Сафарова бо дастрасии қисми 2-и моддаи 373-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (вайрон кардани қоидаҳои муносибат миёни хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати мавҷуд набудани муносибатҳои зертобеӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар рафти мурофиаи судӣ гуноҳи ҳарду судшаванда тасдиқ гардид ва суд ҳар кадоми онҳоро 2-солӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

NoTorture.Tj