Коршиносони «Табибон барои ҳуқуқи инсон» бо ҳамкорони тоҷикашон дар мавриди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ табодули таҷриба мекунанд

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ (минбаъд - Эътилоф) аз 11 то 14-уми декабри соли 2017 барои гуруҳҳои Эътилоф, адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, ташхисгарони судӣ-тиббӣ ва табибон-руҳшиносон аз рўи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинг мегузаронад.

Ба ҳайси тренерҳо коршиносони байналмилалии ташкилоти «Табибон барои ҳуқуқи инсон» (ҳаммуаллифони Протоколи Истамбулӣ) Русудан Бериашвили ва Марям Джишкариани, инчунин тренерҳои миллӣ Нигина Баҳриева, Фурқат Ғаниев, Парвина Наврўзова ва Шоира Давлатова баромад мекунанд.

Тренинг бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг гузаронида мешавад.

«Тренинг оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ барои муттаҳид намудани кўшишҳои табибон ва ҳуқуқшиносон баҳри таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона зарур аст. Барои он, ки ташхисҳои тиббӣ бояд ҳаматарафаву пурра гузаронида шаванд ва ҳуқуқшиносон тавонанд ин хулосаҳои тиббиро дар рафти таҳқиқи ҳолатҳои шиканҷа истифода баранд. Барои тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ саҳми арзанда гузошт»,- мегўяд Парвина Наврўзова, тренери миллӣ оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ.

Протоколи Истамбулӣ дастурамал оид ба таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ба шумор меравад. Он принсипҳои байналмилалии пешбурдӣ оид ба баҳогузории вазъи қурбониёни эҳтимолии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин доир ба пешниҳод намудани хулосаҳои чунин баҳогузориро ба мақомоти судӣ ё дигар мақомоте, ки масъули таҳқиқи далелҳои шиканҷаанд, дар бар мегирад.

Чанд сол боз стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва факултетҳои ҳуқуқшиносии муассисаҳои олии таълимии кишвар ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Масалан, дар соли 2014 «Маҷмуаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ташхиси судӣ-тиббӣ ва тартиби методии ташкилотҳо ва истеҳсолоти ташхисҳои судӣ-тиббӣ» ва замима ба он - Санади ташхис (шаҳодаткунонӣ)-и судӣ-тиббӣ барои ташхисгарони судӣ-тиббӣ, бланка - Хулосаи ташхисгар ва Протокол барои гузаронидани шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудаҳо аз ҷониби табибони травматолог, фелдшерҳо, гинекологҳо, проктологҳо тасдиқ гардиданд.

Соли 2015 дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ва Вазорати тандурустӣ бо дастгирии БРСММ ҳуҷҷати нави «Тартиби ташкили кўмаки ҳуқуқӣ ба нафароне, ки барои иҷрои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарор доранд» коркард гардид, ки барои истифодаи дохилии табибон тавсия шудааст. Бо ин тариб ба қисмҳои асосии Протоколи Истамбулӣ пешниҳодот сурат гирифта, бланкаи нави тиббӣ барои гузаронидани шаҳодаткунонӣ аз ҷониби табибони ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ коркард шуд. Айни замон ҳуҷҷатҳо дар марҳилаи баҳогузории вазорату идораҳо қарор доранд.

Соли 2016 таҳлили барномаҳои таълимӣ оид ба тиби судии кафедраи криминалистика ва тиби судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ гузаронида шуд ва ду барномаи таълимӣ коркард гардид: «Оид ба тиби судӣ ва руҳшиносӣ барои донишҷўёни курси 5-уми факултети ҳуқуқшиносӣ бо ихтисоси «ташхиси судӣ»» ва «Тиби судӣ ва руҳшиносӣ». 

NoTorture.Tj