Маъракаи нав барои решакан кардани шиканҷа аз Тоҷикистон

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо шурӯи маъракаи нави зидди шиканҷа талош дорад таваҷҷӯҳи ҷомеа ва мақомотро ба мавридҳои азияту озори сарбозону боздоштшудаҳо ҷалб кунад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки аз соли 2012 то имрӯз ҳудуди 200 нафар аз шиканҷа ва бадрафтории мақомоти интизомӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.

Масъулини Эътилофи зидди шиканҷа – як ташаккули ҷамъиятии иборат аз фаъолони ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳарчанд дар амри ошкор шудани мавридҳои азияту озор дар боздоштгоҳу қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон беҳбудие ба назар мерасад, ҳамоно шиканҷа пурра решакан нашудааст ва мавриди нигаронӣ мебошад.

Шоира Давлатова, раҳбари гурӯҳи иттилоотии Эътилофи зидди шиканҷа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон 26-уми июн Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҷлил мешавад ва дар остонаи он фаъолон маъракаи таблиғотиро шурӯъ кардаанд.

Ба гуфтаи хонум Давлатова, “дар доираи ин иқдом дар мониторҳои калони кӯчаҳои Душанбе навор бо титрҳо дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, иқтибос аз муроҷиати президент Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба нораво будани шиканҷа, намоиш дода мешавад. Ҳамчунин намоиши расмҳо дар шаҳрҳои Хоруғ ва Ваҳдат ташкил карда мешавад, то ки истиқоматкунандагони ин минтақаҳо бо таърихи қурбониёни шиканҷа дар кишвар имконияти шиносоӣ пайдо намоянд”.

Шоира Давлатова мегӯяд, дар айни ҳол омори ягонаи давлатӣ вобаста ба парвандаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона вуҷуд надорад, вале аз соли 2012 то имрӯз ҳудуди 200 нафар аз шиканҷа ва бадрафтории мақомоти интизомӣ ба ҳомиёни ҳуқуқ шикоят кардаанд.

Масъулини эътилофи шиканҷа мегӯянд, қазияи сарбоз Шаҳбол Мирзоев аз баҳори соли 2014 барои бисёр сокинони Тоҷикистон ошно аст. Ин ҷавон рӯзи 8 марти он сол аз ҷониби як ҳамхизматаш латту кӯб ва дар натиҷа бемори бистарӣ. Муолиҷаҳои тӯлонии ӯ дар бемористонҳои Тоҷикистону Русия натиҷаи кам дод ва ин ҷавони 26-сола аксар вақт рӯи бистар ва мӯҳтоҷ ба нигоҳубини нафаре дар хона ба сар мебарад. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, агар бо ин ҳол ҳам Шаҳбоз ҷон ба саломат бурда бошад, даар мавридҳои зиёде қурбониёни шиканҷа дар шароити мармуз ҷон додаанд.

Паёми Шаҳбол: Ҳаёти худ ва дигаронро насӯзонед

Шаҳбол Мирзоев рӯзи 23 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани хабарҳои ин баъди қазияи ӯ ҳам ҳодисаҳои шиканҷа рух медиҳанд, хеле ғамгин мешавад ва тааҷҷуб мекунад, ки сарнавишти ӯ ҳам гӯё ба дигарон дарс нашуд. Аз рӯи парвандаи Шаҳбол танҳо ҳамхизматаш Усмоналӣ Ғайратов ҷазои амалӣ дид ва ба мӯҳлати 9 сол зиндонӣ шуд. Вай мегӯяд, ҳар инсон пеш аз он ки кори баде кунад, бояд оқибати он ва инсон будани худро фикр кунад.

Шаҳбол мегӯяд, “Ба наздикони қурбоншудаҳо гуфтаниам, ки Худованд сабратон диҳад. Ба шахсоне, ки даст ба шиканҷа мезананд гуфанӣ ҳастам, ки Худо инсофатон диҳад. Бовар кунед, аз шиканҷа ягон фоида нест. Бо ин коратон ҳаёти худ ва чандин нафари дигаро месӯзонед.”

“Эътирофи шиканҷа аз ҷониби мақомоти давлатӣ бурд аст”

Коршиносон ва ҳуқуқшиносон мегӯянд, аз соли 2012 аз замони ташкили Эътилофи зидди шиканҷа ва гузарондани маъракаҳои густурда алайҳи шиканҷа дар ин самт беҳбудиҳои назаррас дида мешавад. Аммо ба қавли онҳо бурди аслӣ дар самти мубориза бо шиканҷа ин эътирофи шиканҷа аз ҷониби мақомоти давлатӣ аст.

Ҳуқуқшинос Хуршеда Раҳимова, ки дар гузашта дар чандин парвандаҳои шиканҷа вакили дифоъ будааст, мегӯяд, дар гузашта мақомоти давлатӣ кӯшиш мекарданд, шиканҷаро махфӣ нигоҳ доранд, вале ҳоло мушоҳида мешавад, ки онҳо ба ин падидаи нохуш бархурди ҷиддӣ доранд.

Хонум Раҳимова дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “Ворид кардани моддаҳои махсуси ҷавобгарӣ барои содир кардани шиканҷа дар Кодекси ҷиноӣ аз ин амалҳои давлат барои аз байн бурдани шиканҷа мебошад.”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар самти мубориза бо шиканҷа дар кишвар корҳои зиёд анҷом ёфтаанд.

Ҳусниддин Нидоев, як масъули Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 23 июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои аз байн бурдани шиканҷа дар миёни кормандони сохторҳои қудратӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешавад. Аз ҷумла ба гуфтаи ҷаноби Нидоев “дар ҳафтаҳои ахир дар 10 шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба пешгирии шиканҷа чорабиниҳои омӯзишӣ гузарондем.”

Моддаи шиканҷа ҳаст, вале

Моддаи махсуси «шиканҷа» дар Кодекси ҷиноӣ соли 2012 ворид шуд ва то соли 2014 чор мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани масъулин аз рӯи ин модда сабт шуд. Моҳи марти имсол “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз шурӯи муҳокимаи афсари як воҳиди нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллӣ аз рӯи моддаи шиканҷа хабар дод. Ин афсар барои таҳқиру бадрафтории пайвастаи як сарбоз дар додгоҳ посух медиҳад.

Вале мушкили аслӣ ин аст, ки собит кардани ҳодисаҳои шиканҷа, бахусус дар муассисаҳои бастаи мисли боздоштгоҳу маҳбасҳо кори хеле сангин аст ва на дар ҳама ҳолатҳо мақомоти тафтишотӣ омода мешаванд нисбати ҳамкорони худ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи фактҳои шиканҷа парванда боз кунанд.

Аз сӯи дигар, қурбониёни шиканҷа ҳам на ҳамеша омода ҳастанд аз болои масъулин ариза нависанд, чунки метарсанд, ки вазъашон баъди ин ҳодиса сангинтар мешавад. Ин мавзӯъ яке аз масоили мавриди нигаронии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ низ мебошад, ки соли 2016 бо даъвати мақомоти тоҷик дар ин замина ҳам изҳори назар карда буд.

Он замон ҳайати баландпояе иборат аз мақомоти вазорати адлияву додситонии кулл ба СММ ваъда дода буданд, ки "тадобири заруриро барои рафъи ҳодисаҳои шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо рӯи даст гирифта, омилони шиканҷаро ба ҷавобгарӣ мекашад".

Айни замон ҳукумат гуфтааст, ки ҳанӯз ин кишвар омода нест, Протоколи иловагии Эъломияи зиддишиканҷаро тасвиб кунад, вале тамоми чораҳоро меандешад, ки аз ин ҳодисаҳо ҷилавгирӣ шавад.

Таҳлилҳо нишон додаанд, ки бештар аз 60 дар сади ҷабрдидагон аз бархӯрди ғайриқонунии маъмурони милиса шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, таҳлил нишон дод, ки маъмурони интизомӣ ва амниятӣ боздоштшудагонро баъди дастгир кардан ва ё бозпурсиҳои аввалия ба хотири гирифтани баёнот ё эътирофи гуноҳ, ва гоҳо гуноҳи ҷинояти содирнакарда азобу шиканҷа медиҳанд.

Ozodi