Санҷиши муқаддамотии далели марги сокини Нуробод ёздаҳум бор аз сар гирифта шуд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон маротибаи ёздаҳум санҷиши муқаддамотии далели марги Саймурод Орзуевро аз сар гирифт.

17-уми июни соли 2014 ба Гуруҳи кўмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон сокини ноҳияи Нуробод Алӣ Орзуев муроҷиат карда, хабар дод, ки 25-уми апрели соли 2014 тахминан соати 16:00 се нафар корманди милитсияи ШВКД-и ноҳияи Нуробод писараш Саймурод Орзуевро бидуни шарҳ додани сабабҳои боздошт бо худ бурдаанд.

Рўзи дигар падар бо талоши маълум намудани макони қарордоштаи писараш ба сардори ШВКД ва раиси ноҳияи Нуробод муроҷиат мекунад. Сардори БДА-и ноҳия хабар медиҳад, ки 25-уми апрели соли 2014 соати 19:00 Орзуев Саймуродро ба мошини тамғаи «Жигули»-и рангаш сурх савор карда, ба хона фиристодаанд. Вале ҳамон бегоҳ Орзуев С. ба хоҳараш занг зада, ашкрезон мегўяд, ки дар бинои ШВКД-и ноҳияи Нуробод қарор дорад.

Дар рўзи 4-уми ҷустуҷўи Саймурод, 29-уми апрел, соати 1-и шаб корманди ШВКД ба падари ў занг зада, хабар медиҳад, ки дар соҳили дарёи Комсомолобод ҷасади марде ёфт шудааст ва хоҳиш мекунад, то барои шинос шудан равад.

Орзуев А. хабар дод, ки рўзи 28-уми апрел бегоҳӣ ҳамроҳ бо хешовандон мустақилона ба ҷустуҷўи писараш мебароянд, аз ҷумла ин маконро низ аз назар мегузаронанд, аммо онҷо ҷасад набудааст.

Тибқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббии №86, аз 29-уми апрели соли 2014, марг дар натиҷаи афтодан аз болои кўпрук ва ҷароҳатҳои зиёди ба ҳаёт хатаровар фаро расидааст.

Аз соли 2014 то 2017 Прокуратураи ноҳияи Нуробод даҳ (10) маротиба дар бораи рад кардан аз оѓози парвандаи ҷиноятӣ бо сабаби набудани таркиби ҷиноят дар амалҳои ягон нафар қарор баровард.

12-уми январи соли 2018 аз ҷониби адвокат ба Суди ноҳияи Нуробод оид ба бекор намудани қарорҳои баровардаи муфаттиши Прокуратураи ноҳияи Нуробод шикоят карда шуд. 15-уми январи соли 2018 Суди ноҳияи Нуробод бо қарори худ шикоятро беқаноат мононд. Аммо адвокатҳои аз ҷониби Эътилоф пешбаригардида ба Суди Олии ҶТ бо шикояти назоратӣ муроҷиат карданд.

NoTorture.Tj