Захмҳои табобатнашудаи сарбоз

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳаррир - Хоҷаев Фазлиддин) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.

Захмҳои табобатнашудаи сарбоз

Баҳриддин Насриддинови 26-сола дар оилаи коргар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, ба воя расидааст. Дар мактаб муваффақияти зиёд ба даст наовард. Бе доштани ихтисос дар ҳеҷ куҷо ба кор қабул намекарданд. Барои ҳамин, ӯ тасмим гирифт, ки ихтиёран ба хизмат равад. Он вақт намедонист, ки тасмими мазкур аз ӯ чизи аз ҳама қиммат - саломатиро мерабояд...

Вақте ки Баҳриддин ба хизмат рафт, 20-сола буд. Се моҳи аввал дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) хизмат кард ва баъдан ӯро ба шаҳри Душанбе гузарониданд. Муносибат бо ҳамхизматон хуб буд. То меҳтарӣ ҳамагӣ як моҳ монда буд, аммо бо ӯ ҳодисае рух дод, ки ҳаёташро тамоман дигар кард.

Баҳриддин он рӯзро хуб дар ёд дорад. Субҳи баҳорӣ буд. Ӯро дар ошхона навбатдор гузоштанд. Он нуқтае ба ҳисоб меравад, ки уҳдадориҳояшро одатан куҳнасарбозон, махсусан дар марҳилаи меҳтаршавӣ иҷро мекунанд. Кор душвор набуд, барои наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва хӯроки шом ӯ бояд ҳар рӯз се маротиба дастархон меорост. Он рӯз то омадани ҳамхизматон вақти кам монда буд ва Баҳриддин омодагиҳои охиринро анҷом медод.

Ҳамин вақт ба ошхона ҳамхизматаш, ки ба монанди ӯ бояд як моҳ пас фармони меҳтариаш мебаромад, ворид гардид. Паси миз нишасту интизори фармон нашуда, ба хӯрокхӯрӣ шуруъ кард. Баҳриддин хост ӯро аз ин кор боздорад, вале дучори вокуниши сахт гардид. Миёни онҳо ҷанҷол хест. Баҳриддин сари вақт худдорӣ кард, қарор дод, ки дигар баҳсу мунозира накунад ва ба ошхона равон шуд, то табақҳои боқимондаи хӯрокро биёрад. Ҳамин вақт аз қафо садои қадаммониро шунид ва баъд... зарбаи сахт ба сар. Ӯ кӣ буд ва бо чӣ Баҳриддинро зад, надид. Баъди 20 рӯз дар ҳуҷраи беморхона ба ҳуш омад. Ӯ касеро намешинохт, ҳеҷ чизро дар ёд надошт, номи хешовандонро омехта мекард, падари худро бошад, ба кадом дӯсташ монанд кард. Модар дасташро дароз карду ҷавон онро ба дасташ гирифт, вале муҳаббате эҳсос накард. Баҳриддин хотираашро гум кард.

Тибқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ, сарбоз осеби пӯшидаи сар, гематоми бофтаҳои нарми сар аз чап, ҳолати паёмади осеби майнаи сар дида, як қисми устухони қафои косахонаи сараш набуд.

Табобати дурудароз ва амалиёти ҷарроҳӣ натиҷаҳои худро доданд. Кам-кам хотирааш ба ҷо омад. Ӯ акнун гузаштаи худро ба хотир меовард, дӯстон ва хешовандонашро мешинохтагӣ шуд.

Суди ҳарбӣ ҳамхизматашро дар ҳолати рухдода гунаҳгор дониста, ӯро ба муҳлати панҷу ним сол аз озодӣ маҳрум кард. Ба наздикӣ Баҳриддин фаҳмидааст, ки он ҳамхизматаш дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекунад.

“Намедонам чӣ тавр рафтор мекунам, агар ӯро дар кӯча тасодуфан вохӯрам. Ман ӯро бахшида наметавонам. Охир, вай зиндагии маро сӯзонд. Ман маъюб шудам”,- мегӯяд ҳамсуҳбатамон.

Имрӯз Баҳриддин маъюби гуруҳи дуюм аст ва нафақаи ночиз - 180 сомонӣ (тақрибан 18 доллар) мегирад. Аз он ҳодиса ба ӯ ҳамеша захмҳои сар ёдовар хоҳанд шуд. Аксар вақт аз дарди сар азият мекашад. Баъзан сараш чарх мезанад. Дар гӯшаш шавқун аст. Ва ҳар ним сол бояд табобат гирад.

Аммо, ӯ аз мубориза ва хушиҳои ҳаёт даст накашидааст. Оиладор шуд, пайи ҳам ду кӯдак таваллуд шуданд. Барои ҳамин, бештар дар бораи даромад фикр мекунад. Кори вазнинро иҷро карда наметавонад, вале ба бародараш дар корҳои ошхона кӯмак мерасонад.

Баҳриддин чанд маротиба ба суд муроҷиат кард, то ба ӯ барои зарари ба саломатӣ гирифтааш ҷуброн пардозанд. Аммо қисми низомӣ бо далели он, ки гӯё чунин маблаҒ дар буҷаашон надоранд, дархости ӯро рад мекунад.

“Вале ман ба гирифтани ҷубронпулӣ муваффақ мешавам! Ҳодиса дар дохили қисми низомӣ рӯй додааст ва онҳо вазифадоранд, ки ба ман ҷубронпулӣ диҳанд”,- илова намуд Баҳриддин.

Ӯ сар пеш афкандаву ба фикр фурӯ рафт. Захмҳои сар аллакай қариб наменамоянд, аммо қалб шояд ба наздикӣ ором нашавад.

NoTorture.Tj