Article Pages

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо як мурољиатнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолати ба амал омадаи пандемияи алоқаманд ба вируси COVID-19, ки қариб кулли давлатҳои ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст, изњори нагаронї намудаанд. - Сарфи назар аз он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ягон ҳолати гирифтории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аз ҷониби...

25.04.2020 - 21:21

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба дархости Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба шарҳи вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар ва чораҳои баҳри пешгирии паҳншавию сирояти коронавирус андешидашуда посух дод. Дар посух бо имзои муовини вазир Мирҳомуддин Камолзода гуфта мешавад, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон нисбатан ором аст: агар...

24.04.2020 - 18:08

Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки писари донишҷӯяш Фаррухҷон Зокировро "облава" карда, бо фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки "маро бо хоҳиши худам аз донишгоҳ хориҷ кунед". Мақомот чунин ҳолатро рад мекунанд ва мегӯянд, касе ба ин ҷавон фишор наовардааст. "Вақте фаҳмиданд, ки ӯ донишҷӯ аст ва намешавад донишҷӯро ба артиш ҷалб кард, қазияи хориҷ шуданашро аз донишгоҳ сохтанд", - мегӯяд...

22.04.2020 - 14:45

Намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо ирсоли нома ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар рӯзи 20-уми апрел хостори посух гирифтан ба як қатор суолҳо шудаанд. Дар мактуб аз ҳамкориҳои мусбати вазорат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ истиқбол карда шуда, намояндагон хостгори посух гирифтан ба суолҳояшон мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии...

20.04.2020 - 16:21

Мақомоти расмии ноҳияи Хуросон ҷанҷолу занозанӣ ҳангоми ҳангоми даъвати як ҷавон ба сафи артиш ва захмӣ шудани ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки аҳволи ҷавон беҳтар шудааст. Хешовандони ҷавон мегӯянд, бо гузашти 10 рӯз аз ҷанҷолу занозанӣ Тӯйчибек Хидирови 26 сола аз деҳаи Баҳористони ҷамоати “Фахробод” ба мушкилӣ нафас мегирад. Ҳодиса рӯзи рӯзи 4-уми апрел рух додааст ва ҳангоми подабонии...

20.04.2020 - 11:14

Фаъолияти лоиҳа оид ба Протоколи Истамбулӣ (амалисозии шартҳои Истамбулӣ барои ташхиси самараноки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон) бо дастгирии Институти Ҷомеаи Кушода - Бунёди Мадад, Фонди Зигрид Раузинг Траст ва Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад. Дар давраи аз моҳи январ то моҳи марти соли 2020 гузориш «Оид ба истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии...

13.04.2020 - 22:59

Тақрибан пас аз се моҳи омӯзиши эътирози прокурор ва шикояти хусусии адвокат, ки аз болои таъиноти қабулнамудаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда буд, дар коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ баррасӣ шуруъ шуд. Дар эътироз дарҷ карда шудаст, ки “таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 16.01.2020 оиди ба тафтишоти иловагӣ...

13.04.2020 - 11:51

Фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст. Дар...

10.04.2020 - 22:51

Гуруҳи офиятбахшии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2020-ум 16 нафари аз шиканҷа зарардида ва оилаҳои онҳоро бо офиятбахшӣ таъмин намуд. Аз онҳо 4 мард ва 8 нафар зан, 2 писари ноболиғ ва 2 духтари ноболиғ мебошанд. Аз шумораи умумии қурбониён 9 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 7 нафари боқимонда хешовандони...

09.04.2020 - 14:23

Даҳ ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо хоҳиши дастрас намудани лоиҳаи Кодекси андоз ба онҳо барои шиносоӣ ва омода сохтани пешниҳодоташон бо мактуб ба вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳорзода муроҷиат карданд. Муаллифони мактуби дастаҷамъона ҳамчунин ташкили баррасии якҷояи лоиҳаи мазкурро бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Душанбе ва минтақаҳо дархост намудаанд. “Мо боварӣ дорем, ки ҷалби...

03.04.2020 - 20:20

Страницы