Article Pages

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳдудияту маҳрумият аз озодӣ ба татбиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми миллии пешгирикунанда, инчунин ташкили механизми мониторинги мустақили ҷамъиятии ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мусоидат менамояд. Ҳамоҳангсози гуруҳ аз 1-уми январ то 30-юми июни соли 2019 ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» (ҳамоҳангсоз Таҳмина...

13.02.2020 - 23:12

Дар соли 2019 ГКҲ фаъолияташро дар самти расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа, пешбурди мурофиаҳои судии стратегӣ, ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои истифодаи шиканҷа, омодасозии маводҳо барои гузоришҳои алтернативӣ ба мақомоти СММ, инчунин дар доираи муколамаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон идома дод. Бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва таҳким бахшидани...

12.02.2020 - 15:33

Маркази таҳлилӣ фаъолияташро дар асоси қоидаҳо ва шартҳои иштирок дар Эътилоф амалӣ намуда, фаъолияти таҳлилии Эътилофро дар умум ва гуруҳҳои кориро ҳамоҳанг месозад. Ба шарофати ин марказ Эътилоф дар пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи милливу байналмилалӣ тавассути гузаронидани вохӯриҳо бо дипломатҳо ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии гузоришҳои...

11.02.2020 - 22:09

Душанбе, 10-уми феврали соли 2020. ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» 21-уми феврали соли 2020 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бахшида ба рӯнамоии натиҷаҳои ҳисоботи таҳлилӣ оид ба таъсис ва амалисозии институтҳои ташхисҳои судии ғайридавлатӣ ва анҷоми фаъолияти лоиҳавии «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа» мизи гирд баргузор менамояд. Мақсади мизи гирд...

10.02.2020 - 14:17

Чанд корманди милиса ва афсари комиссариати ҳарбии Шаҳринав барои ҷалби, ба гуфтаи мақомот, ғайриқонунии сокини ин ноҳия Иброҳим Ниёзов ба артиш ҷазо гирифтаанд. Ба гуфтаи Додситонии ҳарбии Тоҷикистон, Ниёзов ду моҳ пеш барои хидмат ба қисми ҳарбии "0332"-и нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ фиристода шуда, бинобар беморӣ ҳамагӣ як рӯз хизмат кардааст ва ҳоло дар бемористон аст....

10.02.2020 - 11:34

ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 7-уми феврал дар кохи «Суруш» барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисони самти робита бо ҷомеаи мақомоти давлатӣ дар мавзуи «Нақшаи миллии амал оид ба амалисозии тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа барои солҳои 2019-2022» чорабинии иттилоотӣ баргузор намуд. Чорабинӣ аз ҷониби ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви...

07.02.2020 - 20:59

Душанбе, 6-уми феврали соли 2020. Рӯзҳои 18-20-уми феврали соли 2020 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» оид ба омодасозии мутахассисон тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар доираи лоиҳаи «Амалисозии стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ», ки аз ҷониби барномаи аврупоии Фондҳои Ҷамъияти Кушода ва Фонди Зигрид Раузинг дастгирӣ ёфтааст, тренинги серӯза доир...

06.02.2020 - 20:53

Мақсади Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо расонидани ёрии ҳадди ақали имконпазир ба қурбониён барои барқарор кардани қобилиятҳои касбӣ, иҷтимоӣ, равониву ҷисмонӣ ва инчунин пурра мутобиқ гаштану иштирокашон дар ҳаёти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар соли 2019 фаъолияти гуруҳ дар доираи лоиҳаи «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо сарпарастии Иттиҳоди Аврупо...

05.02.2020 - 13:23

Узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон - ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» фаъолияташро дар самти ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо амалӣ менамояд. Дар соли 2019 ДОШ фаъолияташро дар самти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар қисмҳои низомӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки аз ҷониби Бунёди ихтиёрии СММ оид...

04.02.2020 - 12:25

Санаи 16-уми январи соли 2020 тарафи айбдоркунӣ ва ҳимоя дар бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба парвандаи кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷамъ омада буданд. Дар ин рӯз мурофиаи судӣ дар қисмати эълони ҳукм баргузор гардид. Аммо ғайричашмдошт, аз ҷониби судяи Суди Олии ҶТ Салимзода Ю. таъинот дар бораи баргардонидани парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ бинобар ҷой...

03.02.2020 - 21:27

Страницы