Article Pages

Як сокини шаҳри Ҳисор иддао дорад, кормандони комиссарияти ҳарбӣ Сайёд Ҳалимов, бародарзодаи 24-солаашро бо зӯр барои хидмат дар артиш бурдаанд.  Бадриддин Сафаралиев дар як тамоси телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, субҳи имрӯз, 11 апрел кормандони комиссариат ба манзили онҳо омада, писари бародари марҳумашро, ки бемор аст, бо худ бурдаанд. Вай афзуд, “ду сол пеш ҳам ӯро дошта...

11.04.2017 - 18:21

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санаи 7-уми апрел дархости Гулчеҳра Холматова, ҳимоятгари судшавандагон Ҷонибек Сайфиддинов, Насим Кукиев ва Ёсин Меликовро оид ба дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифтани судшавандагон ҳангоми боздошт қонеъ гардонида, барои санҷиши прокурорӣ ирсол кард. - Суд дархости моро оид ба гузаронидани санҷиши прокурорӣ аз рӯи шикояти судшавандагон...

10.04.2017 - 11:20

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи дусолаи «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз мекунад. Дар доираи лоиҳа ташкилоти узви Эътилоф - «Маркази ҳуқуқи инсон» ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ таҳлил ва баҳогузории сатҳи хизматрасонии судӣ-тиббиро ба роҳ монда, инчунин барои муҳайё намудани...

06.04.2017 - 20:30

Дар ду сол теъдоди қурбониёни меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон қариб ба 60 нафар сарбоз расид.

06.04.2017 - 12:49

Насрулло Одинаев, як сокини шаҳри Кӯлоб, ки бо ҷурми қаллобӣ гумонбар мешуд, шикоят аз он дорад, ки маъмурони милитсияи шаҳри Кӯлоб ўро шиканҷа кардаанд. - Ман 7-уми август дар ноҳияи Муминобод будам. Њамкурсам Амирҷон, ки дар ШВКД-и шаҳри Кӯлоб кор мекунад, зангам заду хоҳиш кард, ки ба хонааш оям. Вақте омадам, ӯ маро ба ШВКД овард. Онҷо муовини сардори ШВКД ва се нафар муфаттишони дигар...

05.04.2017 - 12:23

Ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ Сайфиддин Исломов - падари қурбонии эҳтимолии шиканҷа Ҷонибек Сайфиддинов, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад, муроҷиат кард. Аз рўи ин парванда боз ду нафари дигар айбдор мешаванд. Мурофиаи судии онҳо дар Суди ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Ҳар се нафар дар суд оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати...

05.04.2017 - 07:39

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ аз пароканда шудани иштирокчиёни сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки бахшида ба Соли ҷавонон аз ҷониби ширкати таълимии «Мултикид» бояд баргузор мегардид, изҳори нигаронӣ мекунад. «Донишҷўён ва волидони онҳо, ки аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ба намоишгоҳ омада буданд, инчунин меҳмонони хориҷӣ бо шеваи тунд пеш...

04.04.2017 - 15:10

Додситонии низомии гарнизони Кӯлоб таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбати Алишери Абдуқодир, прапоршики қисми марзбонии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги прапоршик Умедҷон Ҳасанов ба поён расонида, ба додгоҳ ирсол кардааст. Хулосаҳои тафтишот бо он чӣ, ки дар оғоз гуфта мешуд, комилан фарқ мекунад: ҳоло тафтишот мегӯяд, ки прапоршик Ҳасанов на аз тири қочоқчиёни афғон, балки аз...

30.03.2017 - 14:43

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе як афсари нирӯҳои марзбониро дар пайи марги сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Ҳукми Ёрибек Саидов рӯзи 28 март дар бинои Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд ва ӯ бар асоси моддаи «баромадан аз ҳадди ваколати хизматӣ» муҷрим шинохта шуд. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ ӯро барои “тамаъҷӯӣ” ва “вайрон кардани баробарҳуқуқии шаҳрвандон”...

28.03.2017 - 17:18

Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз комиссариатҳои ҳарбии кишвар тақозо кардааст, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба иҳотагарӣ – "облава" ё даъвати иҷборӣ – роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш бо айби иҳотагирӣ 51 комиссари ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд....

18.03.2017 - 21:41

Страницы