Мониторинги ТМ ШБАНММ дар Кӯлоб: ҳолатҳои ҷароҳати ҷисмонӣ мушоҳида нашуд

Аз 22 то 23-юми апрели соли 2019 Гуруҳи мониторингӣ дар ТМ шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бидуни огоҳсозии пешакӣ мониторинг гузаронид.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду нафар намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Нидоев Ҳ. ва Низомов А., инчунин ду намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Мӯсоев Ш. ва Сафаров Х. ворид гардида буданд.

Ҳангоми ворид шудан ба муассиса гуруҳро кормандони Агентӣ пешвоз гирифтанд ва ба онҳо мақсади боздид фаҳмонида шуд. Оид ба ҳузури гуруҳи мониторингӣ сардори ШБАНММ дар шаҳри Кӯлоб Абдуллозода Муҳаббат низ хабардор карда шуд. Баъди суҳбат бо сардор ба гуруҳ имконияти дастрасӣ ба ТМ фароҳам оварда шуд.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар камера як нафар марди боздоштшуда ба ҳайси гумонбаршуда аз рӯйи моддаи 200, қисми 1-и КҶ ҶТ қарор дошт. Нафари гумонбаршуда қаблан аз рӯйи моддаи 201, қисми 1-и КҶ ҶТ маҳкум шуда будааст. Дар рӯзи аввали воридгардӣ дар ТМ аҳволи боздоштшуда бад мешавад, аз дарди сар ва дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Тавре маълум мегардад, шахс маълул будааст. Аз ҷониби кормандони ШБАНММ дар шаҳри Кӯлоб ёрии таъҷилӣ даъват ва ба боздоштшуда ёрии аввалияи тиббӣ расонида мешавад. Боздоштшуда аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ҳангоми дар ТМ қарор доштанаш шикоят накард.

Ҳангоми пурсиш кормандони ШБАНММ дар шаҳри Кӯлоб зикр намуданд, ки дар давраи аз соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 ҳолатҳои ҷароҳати ҷисмонӣ дар бадани нафарони дар ТМ нигоҳдоришаванда ба мушоҳида нарасидааст. Кӯмаки тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чун ШБАНММ дар шаҳри Кӯлоб бо беморхонаи шаҳрии вилоят дар мавриди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Дар ТМ ШБАНММ дафтари махсус мавҷуд аст, ки дар он ҳамаи ҳолатҳои муайян гардидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани боздоштшудаҳо қайд карда мешавад, аммо ба гуфтаи кормандон, чунин ҳолатҳо дар амал вуҷуд надоштаанд.

Охирин таъмири куллӣ дар ТМ соли 2016 анҷом дода шудааст. ШБАНММ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон аз 25-уми июни соли 2001 амал мекунад, аммо худи бинои ШБАНММ аз 18-уми марти соли 2016 (аз ҷониби Вазорати бехатарии Чин бунёд гардидааст) фаъол аст. ТМ дар дохили бинои маъмурии ШБАНММ ҷойгир шудааст. ТМ аз 2 камера иборат аст. Ҳарду камера барои нафарони гумонбар дар содир кардани ҷиноят пешбинӣ шудаанд. Камераи №2 барои ноболиғон, занон ва шахсоне, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, пешбинӣ гардидааст, гарчанде дар рафти наззора миёни шароити он ва камераи №1 ягон фарқият мушоҳида нашуд. Ҳудуди сайругашт барои боздоштшудагон мавҷуд аст.

Дар дари камераҳо барои наззора чашмак (глазок) насб шудааст. Дар тахтаи иттилоотии даромадгоҳи ТМ маълумот оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон, тартиби рӯз, рӯйхати ашёҳои иҷозатбуда вуҷуд дорад. Дар дарҳои ҳар як камера маълумот дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои нафарони дар ТМ нигаҳдоришаванда овехта шудааст. Ҳамаи маълумот бо забони тоҷикӣ аст.

Дар камераҳои ТМ ШБАНММ ҷойи шустушӯй ва ҳоҷатхонаҳо мавҷуданд.

Дар ТМ ШБАНММ 6 камераи назорати видеоӣ мавҷуд аст. Камераҳои мазкур дар қисми навбатдорӣ, дар даромадгоҳи камераҳои №1 ва 2, дар долони ТМ, дар ҳавлии сайругашт, инчунин дар утоқи тафтишотӣ насб карда шудаанд.

Видеокамераҳо ҳаракатҳоро сабт мекунанд, аммо имконияти сабти садоро надоранд. Ҳар моҳ онҳо коркард мешаванд. Сабтҳо дар хазинаи сардори ШБАНММ ва сардори қисми навбатдории ШБАНММ ҳифз мешаванд.

NoTorture.Tj