МО КИСТЕМ?
Эътилоф соли 2011 таъсис ёфта, ҳудуди 80 нафар, намояндагони ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, адвокатҳо, рӯзноманигорон, равоншиносон ва коршиносонро баҳри бартарафсозии шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид месозад.
Эътилоф фаъолияти худро дар асоси Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки мувофиқа шудаанд, амалӣ менамояд.
Ба ҳолати 10 январи соли 2024 аъзо ва шарикони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инҳоянд:
- Ташкилоти ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Ибтидо"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Маркази ҳуқуқи инсон"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Наҷоти кӯдакон"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Отифа"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Созмони занони маъюб "Иштирок""
- Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳуқуқи дастрас"
- Ташкилоти ҷамъиятии "Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун"
- Фонди ҷамъиятии "Нотабене"
- Фонди ҷамъиятии "Солимии ҷамъият ва ҳуқуқи инсон"
- Фонди ҷамъиятии "Ташаббуси ҳуқуқӣ"
- Аскар Турсунов, адвокат
- Раззаков Зоир, коршиноси тиббӣ
- Наргис Ҳамробоева, рӯзноманигор
- Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси мустақил
- Умед Ниёзов, адвокат
- Шуҳрат Саидов, ҳуқуқшинос
ҲАДАФИ МО
- Муттаҳидсозии кӯшиш ва талабот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ташаккули сиёсати «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон;
- Бо такя ба меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи озодӣ аз шиканҷа, талош варзидан баҳри такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи корбурди муқаррароти қонунҳои амалкунанда.
МО ФАЪОЛИЯТАМОНРО ДАР САМТҲОИ ЗЕРИН АМАЛӢ МЕНАМОЕМ:
- Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо, пешбурди парвандаҳо дар суд;
- Мусоидат ба сиёсати миллӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа - такмили қонунгузорӣ, гузаронидани тренингҳо барои намояндагони мақомоти давлатӣ;
- Мусоидат ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ, ба хотири кӯмак ба кормандони тиббӣ барои баланд бардоштани донишу малакаашон оид ба ташхиси тиббии шиканҷа;
- Ташкили системаи офиятбахшии қурбониёни шиканҷа - кӯмакҳои равонӣ ва иҷтимоӣ;
- Мусоидат ба механизмҳои ҷуброни одилона ва муносиб ба қурбониёни шиканҷа дар судҳо;
- Баланд бардоштари огоҳии аҳолӣ дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа;
- Мониторинги татбиқи тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ дар масъалаҳои озодӣ аз шиканҷа;
- Мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ бо эътилофҳои зидди шиканҷаи Қазоқистон и Қирғизистон.
ДАСТОВАРДҲОИ МО ДАР СОЛҲОИ 2011-2016
- Аз ҷониби мо зиёда аз 200 ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.
- Мо 81 парвандаро дар судҳо ва мақомоти давлатӣ пеш бурдем ва дар натиҷаи фаъолияти мо 25 нафар бо 16 парвандаи ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
- Дар мавриди 6 парванда ҳалномаҳои судҳо оид ба зарари маънавӣ баромад ва суд мақомоти давлатиро уҳдадор кард, ки ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо ҷуброни пулӣ пардохт намоянд.
- Мо ба 6 қурбонии шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо кӯмаки равонӣ расонидем.
- Мо ба 130 корманди тиббӣ стандартҳои ҳуҷҷатгузории самараноки шиканҷаро омӯзонидем.
- Дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мо аз 20 муассисаи пӯшида ва нимапӯшида боздид намудем, то барои беҳтар кардани шароити нигоҳдорӣ ва рушди стратегияи пешгирии шиканҷа ба мақомоти давлатӣ кӯмак расонем.
- Мо дар мавриди ҳолатҳои алоҳидаи шиканҷа, инчунин оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар умум зиёда аз 800 матолиби иттилоотӣ-таҳлилӣ нашр кардем, бо ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ ва ҳайатҳои расмии дигар давлатҳо қариб 50 вохӯриву брифинг гузаронидем.
ДУРНАМОИ ЭЪТИЛОФ БАРОИ СОЛҲОИ 2016 - 2020:
- Мусоидат ба таъсис додани системаи вокуниши самаранок ба изҳорот дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон.
- Мусоидат ба тадбиқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар қонунгузорӣ ва дар амал, бо дарназардошти таъсиси институти ғайридавлатии ташхиси судӣ-тиббӣ.
- Мусоидат ба таъсиси институти назорати ҷамъиятӣ аз болои ҷойҳои маҳдуд ва маҳрумият аз озодӣ.
- Мусоидат дар амалӣ намудани механизмҳои самараноки ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла ҷуброни одилонаву кофӣ, бо дарназардошти воситаҳо барои офиятбахшии пурратар.
ГУРУҲҲОИ КОРӢ ВА МАҚОМОТИ РОҲБАРИКУНАНДА:
- Шӯрои Эътилоф - ҳама аъзои Эътилоф
- Роҳбари Эътилоф - ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон”
- Гуруҳи таҳлилӣ - Фонди ҷамъиятии «Нотабене»
- Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ - ТҶ «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ»
- Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо - Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ»
- Гуруҳи расонаӣ - ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон»
МОРО ЧИ ТАВР ЁФТАН МУМКИН АСТ?
Эътилоф торнамои худро дорад (www.notorturetj.tj/), ки воситаи иттилооти ҳамаҷониба дар масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Инчунин, метавонед саҳифаҳои мо - «Cвобода от пыток/Озодӣ аз шиканҷа»-ро дар «Фейсбук» ва Notorture.tj»-ро дар «Твиттер» пайдо намоед.
Шумо метавонед тариқи нишонии электронии Notorturetjk@gmail.com ба мо нависед ё ба рақамҳои телефони боварии Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ занг занед: дар вилояти Суғд - 987873333, дар вилояти Хатлон - 987876666, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ - 987087676. Дар мавриди нақзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшудагон метавонед бо рақамҳои телефонии (+992) 93-333-17-03, (+992) 92-222-18-03 дар тамос шавед. Телефонҳо инчунин дар рӯзҳои ғайрикорӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид ҳам фаъоланд.