Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Бо тағйиру иловаҳо аз 6-уми июли соли 2013 ва аз 2-юми феврали соли 2018
1. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон («Эътилоф») сохтори кушодаву мустақил ва худидоракунанда мебошад.
2. Эътилоф шахси ҳуқуқӣ нест. Эътилоф - ин иттиҳодия (алянс)-и озоди созмонҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдорони онҳост, ки ба хотири пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон муттаҳид шудаанд.
3. Аъзои Эътилоф танҳо ба хотири ҳимояи бештари манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо амал мекунанд. Дар амали Эътилоф ва иштирокчиёни он чизе наметавонад ба манфиатҳои ҷабрдидагон аз шиканҷа ва/ё оилаҳои онҳо мухолифат дошта бошад ё зарар расонад.
4. Фаъолияти Эътилоф дар изҳори мавқеи ҳамоҳангшуда нисбат ба ҳодисаҳои истифодаи шиканҷа ё иттилоот дар бораи шиканҷа, қонунгузорӣ ва ё таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ, барномаҳои давлатӣ ё маъмурӣ, қарор ё амал, ҳамчунин дигар ҳолатҳои мансуб ба мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона ифода меёбад.
5. Дар фаъолияти худ Эътилоф дар навбати аввал меъёрҳои байналмилалии тасдиқшуда дар самти озодӣ аз шиканҷа, ҳамчунин Конститутсияву қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор хоҳад дод.
6. Эътилоф бо падидаҳои саҳлангорӣ нисбат ба шиканҷа дар Тоҷикистон қотеъона ва бемайлон мубориза бурда, ба давлат усули самарабахш ва муосири пешгирии шиканҷа ва мубориза алайҳи онро пешниҳод месозад.
7. Бо дарки муҳим будани роҳандозии қоидаҳои ягонаи рафтор ва фаъолият барои тамоми аъзои Эътилоф баҳри таъмини самаранокии талошҳои ҳамоҳангшудаи онҳо, иштирокчиёни Эътилоф ихтиёран уҳдадор мешаванд, ки қоида ва шартҳои зерини фаъолиятро риояву иҷро кунанд:
a. Соҳибихтиёрӣ ва озодии иштирок дар Эътилоф.
б. Соҳибихтиёрӣ ва озодии ҳамроҳ шудан ба қарорҳои Эътилоф.
в. Ягонагии манфиатҳо ва аз ҷониби иштирокчиён эътироф шудани қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилоф.
г. Ошкор ва шаффоф будани фаъолияти аъзои Эътилоф ҳангоми амалисозии мақсадҳои он.
д. Баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигарии тамоми аъзои Эътилоф.
е. Ҳатмӣ будани ахлоқи ҳамида ва хушмуомилагӣ, зарурати софдилии аъзои Эътилоф.
ё. Роҳ надодан ба ягон амали аъзои Эътилоф бар зарари мақсаду вазифаҳои умумӣ.
ж. Қабули қарорҳои ягона бар асоси мувофиқаи аъзои Эътилоф.
з. Пазируфтани ҳуқуқи бо қарори аксарияти одӣ дар нисбати иштирокчиёни хилофкори Эътилоф истифода кардани усули таъсиргузории ҷамъиятӣ то ба ҳадди ихроҷ аз ҳайати Эътилоф.
8. Эътилоф Стратегия ва нақшаи кории худро дорад.
9. Аъзои Эътилоф метавонанд такшилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, ки дар самти озодӣ аз шиканҷа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, инчунин шахсони инфиродӣ - намояндагони гуруҳҳои ихтисосӣ: адвокатҳо, рӯзноманигорон, мутахассисон дар самти озодӣ аз шиканҷа, ки мақсаду вазифаҳои Эътилофро ҳисса намудаву дар самти огоҳсозӣ ва муборизаи самаранок муқобили шиканҷа ва беҷазоӣ фаъолияти густурда доранд, бошанд.
10. Барои иштирок дар Эътилоф муроҷиаткунанда (ташкилот/шахс) ба номи Роҳбари Эътилоф аризаи шарҳиҳолии хаттӣ бо ишораи кор дар самти огоҳсозӣ ва муборизаи самаранок бо шиканҷа ё дар самти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ пешниҳод намуда, инчунин тавсиянома аз ҷониби узви амалкунандаи Эътилофро замима мекунад. Дар ҳолати барои узвият дар Эътилоф муроҷиат кардани намояндаи ташкилоти узви Эътилоф, вай/ӯ бояд саҳми инфиродиашро дар кори Эътилоф зикр намояд. Қарор дар бораи пазируфтан ба узвияти Эътилоф бо 2/3 ҳиссаи овозҳои ҳамаи аъзои Эътилоф қабул карда мешавад.
11. Аъзои Эътилоф дар фаъолияти худ бояд Шартҳои мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои бо тартиби муайян қабулшударо, ки фаъолияти Эътилофро танзим мекунанд, дастгирӣ намоянд. Аъои Эътилоф дар фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилоф, дар танзими он, инчунин дар коркарди мавқеи умумии Эътилоф иштирок менамоянд.
12. Аъзои Эътилоф ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ бо роҳи пешниҳод намудани аризаи хаттӣ ба номи Роҳбари Эътилоф, ки дар ин бора Шӯрои Эътилоф маълумот медиҳад, аз ҳайати Эътилоф хориҷ шаванд.
13. Узви Эътилоф метавонад дар ҳолатҳои зерин бо 2/3 ҳиссаи овозҳои аъзои Эътилоф аз ҳайати Эътилоф хориҷ карда шавад:
а) вайрон кардани Ҳамин қоидаҳо ва шартҳо;
б) иштирок накардан дар фаъолияти Эътилоф дар давоми ду сол.
14. Мақоми роҳбарикунандаи Эътилоф Шӯрои Эътилоф ба шумор меравад, ки ҳуқуқ дорад оид ба масъалаҳои стратегии фаъолияти Эътилоф қарор қабул кунад, аз ҷумла:
а) қабули аъзои нав;
б) ташкили гуруҳҳои корӣ ва мавзуӣ дар доираи Эътилоф;
в) ирсоли муроҷиатномаҳо, аризаҳо, аксияҳои фаврӣ, дархостҳо аз номи Эътилоф.
15. Ба Шӯрои Эътилоф роҳбарони ташкилотҳои узви Эътилоф ё шахсони ваколатдоршудаи онҳо, инчунин аъзои инфиродии Эътилоф дохил мешаванд. Роҳбари ташкилоте, ки ба узвияти Эътилоф пазируфта шудааст, якбора ба Шӯрои Эътилоф дохил мешавад. Ҳангоми пешниҳоди номзадии шахси ваколатдоршуда ба Шӯрои Эътилоф, роҳбари ташкилоти узви Эътилоф ба номи Роҳбари Эътилоф бо зикри таҷрибаи кории ин номзад дар самти огоҳсозӣ ва муборизаи самаранок бо шиканҷа ё дар самти ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ муроҷиати хаттӣ мефиристонад. Шӯрои Эътилоф метавонад дар натиҷаи овоздиҳии сода бо аксарияти овозҳо номзадии мазкурро рад намояд. Дар ин ҳолат, роҳбари ташкилоти узви Эътилоф бояд шахси ваколатдори дигарро барои иштирок дар Шӯрои Эътилоф ҳамчун номзад пешбарӣ намояд.
16. Бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳои ташкилотиву ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои Эътилоф аз ҳисоби аъзои худ Ҳамоҳангсоз (Роҳбар)-и Эътилофро интихоб мекунад. Ҳамоҳангсоз дар се сол як маротиба бо 2/3 ҳиссаи овозҳои ҳамаи аъзои Эътилоф интихоб карда мешавад. Як ташкилот/шахс наметавонад ду маротиба пайи ҳам Ҳамоҳангсоз бошад.
17. Уҳдадориҳои Ҳамоҳангсоз (Роҳбар)-и Эътилоф:
а) ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти Эътилоф;
б) гузаронидани интихоботи роҳбарони гуруҳҳои кории Эътилоф ва Роҳбари Эътилоф;
в) мониторинги мутобиқати кори аъзои Эътилоф ба Қоида ва шартҳои иштирок дар Эътилоф ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии қабулшуда;
г) ҷалб кардани аъзои нави Эътилоф;
д) мониторинги ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Эътилоф ва фаъолияти гуруҳҳои корӣ;
е) мониторинги кори комиссияҳои гуногуни дар назди Эътилоф фаъолияткунанда;
ё) муаррифии Эътилоф дар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ВАО ва пешбурди лоиҳаҳову андешаҳои нави Эътилоф.
18. Шӯрои Эътилоф метавонад гуруҳҳои кории мавзуӣ ва комиссияҳо ташкил намояд. Ҳамоҳангсозон (роҳбарон)-и гуруҳҳои корӣ аз ҷониби Шӯрои Эътилоф таъин карда мешаванд. Ҳамоҳангсозон (роҳбарон)-и гуруҳҳои корӣ дар ду сол як маротиба бо 2/3 ҳиссаи овозҳои ҳамаи аъзои Эътилоф интихоб/тасдиқ карда мешаванд. Ҳар як гуруҳи корӣ дар коркарди усулҳои фаъолият мустақил аст. Гуруҳҳои корӣ дар назди Шӯрои Эътилоф ҳисоботдиҳандаанд.
19. Аъзои Эътилоф озодона метавонанд ба дилхоҳ гуруҳи корӣ ҳамроҳ шаванд. Барои ин огоҳиномаи хаттии худ дар бораи хоҳиши иштирок дар гуруҳ бо ишораи ному насаби шахс - намояндаи ташкилот дар гуруҳро ба роҳбари гуруҳ пешниҳод кардан зарур аст. Аъзои Эътилоф метавонанд дар кори якчанд гуруҳ иштирок намоянд.
20. Шӯрои Эътилоф метавонад Комиссия ташкил намояд. Ҳайати Комиссия аз ҷониби Шӯрои Эътилоф интихоб карда мешавад. Интихобот ба ҳайати Комиссия дар ду сол як маротиба сурат гирифта, номзадҳо бо 2/3 ҳиссаи овозҳои ҳамаи аъзои Эътилоф интихоб/тасдиқ карда мешаванд.
21. Фаъолияти Эътилоф тариқи pro-bono (рогон), аз ҳисоби хароҷоти шахсӣ, инчунин воситаҳои ҷалбнамудаи Эътилоф амалӣ карда мешавад. Дар сурати аз ҷониби Шӯрои Эътилоф маъқул шуморидани қарор, ташкилотҳо метавонанд лоиҳа пешниҳод карда, аз номи Эътилоф дар озмунҳо ширкат варзанд. Агар лоиҳаи пешниҳодӣ ба дастгирии гуруҳи кории алоҳида равона шуда бошад, дар ин сурат хулосаи аъзои гуруҳи корӣ зарур аст.
22. Дар доираи Нақшаи кории фаъолияти Эътилоф ташкилотҳо дар пешниҳоди лоиҳаҳои инфиродӣ ва муштарак озоданд. Дар лоиҳаҳои пешниҳодӣ онҳо метавонанд узвияти худ дар Эътилофро зикр карда, ҳуҷҷатҳои стратегии Эътилоф (Стратегия, нақшаи корӣ, маълумот дар бораи фаъолияти Эътилоф, дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ)-ро пешниҳод созанд.
23. Бо таваҷҷуҳ ба рақобати ташкилотҳои узви Эътилоф барои захираҳои молиявӣ (иштирок дар озмунҳо), онҳо уҳдадор нестанд, ки пешакӣ лоиҳаҳо (матни лоиҳа)-и ба созмонҳои мададрасон ирсолкардаи худро пешниҳод созанд. Ҳамзамон пешниҳоди маълумоти умумӣ дар бораи ирсоли лоиҳа бо шарҳи самтҳои фаъолият қадрдонӣ мешавад. Ин ба такрор нашудани фаъолият, дарёфти шарикони имконпазир ва баррасии имконоти равонасозии лоиҳаи пешниҳодӣ ба самтҳои гуногуни фаъолият баҳри афзоиши шонси дастгирии минбаъдаи онҳо имкон фароҳам меорад.
24. Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи пешниҳодӣ ва роҳандозии фаъолият, ташкилотҳо уҳдадоранд, ки дар бораи лоиҳа маълумоти мухтасар (номи лоиҳа, мададрасон, муҳлат, самтҳои фаъолият ва буҷет) пешниҳод созанд.
25. Қоида ва шартҳои мазкур бидуни маҳдудияти замонӣ амал карда, доимӣ шуморида мешаванд.
26. Бо ҳамроҳ шудан ба Эътилоф, иштирокчиён қоида ва шартҳои мазкурро қабул карда, ба онҳо розӣ мешаванд.