Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилотҳои узви Эътилоф, ки ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва хешовандони онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонанд, дар бораи масоили зерин ба мувофиқа расиданд:
1. Амалисозии фаъолият оид ба ҳуҷҷатгузорӣ, санљиши ҷамъиятии далелҳои истифодаи шиканҷа ва ҳамчунин ҳимояти ҷабрдидагон аз шиканҷа дар суд ва дигар мақомот.
2. Сарчашмаи аввалияи маълумот дар бораи истифодаи шиканҷа арзу шикояти ҷабрдидаи эҳтимолӣ ва/ё хешовандонӣ ӯ мебошад. Санҷиши ҳолатҳои дар ариза оид ба истифодаи шиканҷа зикршуда таркиби зарурии фаъолияти касбии ташкилоти ҳомии ҳуқуқ маҳсуб меёбад.
3. Ҳангоми амалисозии фаъолияти худ истифода кардан аз тамоми воситаҳои қонунӣ ва дастрас барои ҳимояти ҷабрдидагон аз шиканҷа, маҳз:
- пурсиши ҷабрдида (истифода аз шаклҳои ҳуҷҷатгузории шиканҷа, ки аз ҷониби аъзои Эътилоф таҳия шудааст);
- муайян кардани шахсияти шоҳидон ва пурсиши онҳо (дар ҳолати розигӣ ба пешниҳоди маълумот);
- дастрас кардани ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва баёноти табибон (бо талаби худи ҷабрдидагон аз шиканҷа ва/ё хешовандон, дар сурати дар ҳаёт (зинда) набудани ҷабрдида);
- шиносоӣ (дар ҳолати дар марҳилаи мазкур имконпазир будани он) бо маводи тафтишоти расмӣ (тавассути ҳимоятгарон);
- дастрас намудани далелҳои дигар;
- таҳияи ҳисобот дар бораи санҷиш.
Назорати ҷараёни тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ:
- пешниҳоди ариза дар бораи ҷиноят ба мақомоти тафтишот;
- идомаи тафтишоти мустақил (ҷамъоварӣ ва изофаи далелҳои иловагӣ);
- ҳамроҳ кардани ҳуҷҷат ва шаҳодатҳои ба шумо дастрасшуда ба маводи тафтишоти расмӣ;
- пешниҳоди дархостҳо дар бораи пурсиши шоҳидони аз ҷониби шумо муқарраршуда дар доираи санљиши расмӣ ва баргузор кардани дигар амалҳои санљишӣ (талаби ҳуҷҷатҳо, азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, доир намудани ташхисҳо, рӯбарӯкунӣ ва ғайра);
- шиносоӣ бо маводи тафтишоти расмӣ дар марҳилаҳои дахлдор (бо шумули тамоми ҳодисаҳои рад шудани оғоз, қатъ ё боздошта шудани парвандаи ҷиноӣ ва ҳамчунин итмоми он ва пешниҳоди айбнома);
- эътироз кардан ба ҳар як амали ғайриқонунӣ ва беамалии мақомоте, ки ба тафтишоти расмӣ машғул аст (ба роҳбари мақомоти тафтишот, прокурор ва ё бо тартиби судӣ);
- кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдида ва шоҳидон зимни пурсиши онҳо аз ҷониби корманди мақомоти тафтишот (аз ҷониби ҳимоятгар сурат мегирад).
Намояндагии манфиатҳои арзкунанда дар ҷараёни дар суд моҳиятан баррасӣ шудани парванда:
- намояндагии манфиатҳои ҷабрдида дар ҷараёни мурофиаи судии баррасии парвандаи ҷиноӣ оид ба айбдории ҷинояткорони эҳтимолӣ (бо шумули зинаҳои кассатсионӣ (таҷдиди назар) ва назоратӣ);
- намояндагии манфиатҳои ҷабрдида дар даъвои шаҳрвандӣ нисбат ба мақомоти давлатӣ оид ба ҷуброни хисороти молӣ ва зарари маънавӣ (бо шумули зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ).
- Омодасозии маълумот ба Маросимҳои махсуси СММ;
- Омодасозии маълумот ба Кумита оид ба ҳуқуқи инсон;
- Амалисозии мулоҳизоти КҲИ дар сатҳи миллӣ.
- тадбирҳо оид ба таъмини амнияти ҷабрдидагон, шоҳидон ва наздикони онҳо;
- чораҳои тиббиву барқарорсозӣ;
- дастгирии иттилоотӣ;
- аксияҳои умумӣ ва маъракаҳои ҷамъиятӣ.
4. Расонидани кӯмаки тахассусӣ, машваратӣ ва дигар кӯмак ба ҳамдигар зимни амалисозии фаъолият оид ба расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳимояти ҷабрдидагон аз шиканҷа, ки иборат аст аз:
- ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва баргузор намудани тафтишоти ҷамъиятӣ дар минтақае, ки ташкилот дар он намояндагӣ надорад. Ташкилотҳо ҳар семоҳа бояд рӯйхатҳои навшудаи лоиҳа ва намояндагиҳо дар минтақа бо зикри маълумоти тамос бо шахсони масъули қабули қарорро пешниҳод намоянд;
- огаҳии саривақтӣ дар бораи парвандаҳои қабулшуда ба хотири такрор нашудани фаъолият;
- ирсоли дубораи парванда ба ташкилоти махсус мувофиқи рӯйхати ҳар моҳ навмешудаи фаъолияти муҳими махсуси ташкилот. Дар ҳолате, ки агар парвандаи мушаххас якбора аз ҷониби якчанд ташкилот қабул шавад, қарор бо назардошти усулҳои манфиати ҷамъиятӣ бо мувофиқаи тарафҳо қабул мешавад;
- дар ҳолате, ки агар ҳимояти ҷабрдида аз шиканҷаро якчанд ташкилоти узви Эътилоф ба ўҳда гирифта бошанд, як ташкилот ба сифати ҳамоҳангсоз амал мекунад. Қарор дар бораи ташкилдоти ҳамоҳангсоз бо мувофиқаи тарафҳо қабул мегардад;
- ирсоли дубораи парванда ба ташкилоти дигар дар ҳолатҳои мавҷуд набудани захираҳои худӣ (ҳимоятгарон барои намояндагии манфиатҳои ҷабрдидагон дар судҳо, намояндагӣ дар минтақа ва ғайра). Дар ин ҳолат масъулияти сифати кӯмаки ҳуқуқӣ ба ташкилоте вогузор мегардад, ки ҳимояти амалии ҷабрдидагон аз шиканҷаро анҷом медиҳад;
5. Барои ҳимояти пурсамари ҷабрдидагон аз шиканҷа ташкилотҳо метавонанд дар доираи ҳамкорӣ пардохти маблағи истифодаи воситаи нақлиёт, ҳақмузд ва дигар воситаҳоро дастгирӣ кунанд.
- зимни пардохти маблағи воситаи нақлиёт барои сафари ҳимоятгар ҷиҳати ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ё ҳифзи ҷабрдидагон аз шиканҷа дар мақомоти давлатӣ ва судӣ, мувофиқи талаби ташкилоти пардохткунандаи ин маблағ, ташкилот (ҳимоятгар) маълумот дар бораи ҷабрдида (тибқи шакли ҳуҷҷатгузории шиканҷа), инчунин ҳама гуна маълумоти зарурӣ ва дигар ҳуҷљатҳои молиявии ҳамроҳро пешниҳод месозад;
- зимни пардохти ҳақмузд (гонорар) ба ҳуқуқшиносон/ҳимоятгарони ташкилотҳои узви Эътлоф масъулияти сифати кӯмаки ҳуқуқии расонида ба ташкилоте вогузор мегардад, ки ҳимояти амалии ҷабрдида аз шиканҷаро анҷом медиҳад.
6. Ташкилотҳои дорои Фонди ҳақмузд мутобиқи рӯйхати ҷории ҳимоятгарони машғул ба пешниҳоди хизматгузориҳои кӯмак ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ба интихоби ҳимоятгар (ба ҷуз аъзои Эътилоф) ҳуқуқ доранд. Назорати сифати хизматгузориҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ҳимоятгарони ҷалбшуда ба дӯши ташкилоти пардохткунанда вогузор мегардад.
7. Барои таъмини амнияти ҷабрдидагон аз шиканҷа ва хешовандони онҳо, дар марҳилаи санҷиши далелҳо аъзои Эътилоф бояд аз паҳнкунии васеи иттилоот худдорӣ варзанд. Дар ҷараёни мухобироти умумии расмӣ ва анҷом додани иқдомоти назди умум (аксия, изҳорот), бидуни розигии ҷабрдида ё хешовандон (ҳифзи маълумот) маълумот дар бораи ӯ набояд пешниҳод гардад. Зимни табодули маълумот ва баррасии мушкилоти ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти касбӣ аз «рамзгузорӣ»-и кейсҳои алоҳида истифода бурда шавад.
8. Барои таъмини кӯмаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва хешовандони онҳо, ташкилотҳои узви гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ рӯзҳои истироҳат ва ид навбатдорӣ ташкил мекунанд.
9. Дар ҳолатҳои дастрас шудани маълумот дар бораи қонуншиканиҳои оммавӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон нисбат ба гурӯҳи шахсон (масалан парвандаҳои сиёсӣ, айбдорӣ ба терроризм ва ифротгароӣ), дар назди Эътилоф барои ҳуҷҷатгузории далелҳои истифодаи шиканҷа ва ҳифзи ҷабрдидагон аз шиканҷа гурӯҳҳои вокуниши фаврӣ таъсис дода мешаванд.
10. Бо эътирофи ҳуқуқи ҳар як инсон ба дастрасӣ ба адолати судӣ ва усули эҳтимолияти бегуноҳӣ, аъзои гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ тасмим гирифтанд, ки ба шахсони гунаҳкор дар истифодаи шиканҷа ва дигар шаклҳои кирдори бад кӯмаки ҳуқуқӣ нарасонида, аз манфиатҳои онҳо дар суд намояндагӣ нахоҳанд кард.
11. Ташкилотҳои узви гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқӣ дар беҳбуди имконот оид ба масоили ҳуҷҷатгузории шиканҷа, тафтишоти ҷамъиятӣ, стратегия ва техникаи ҳимояти ҷабрдидагон аз шиканҷа, расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ҷудогонаи осебпазир ва ҳамчунин табодули таҷриба дар ин самт ба ҳамдигар мусоидат мекунанд.