Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст. Замоне, ки вориди манзили хонаводаи нафари марҳум шудем, волидону бастагони ӯ сари турбаташ шевану нола мекарданд.
Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, гуфт, хабари марги бародарашро аз зиндониёни дигар шунида, зуд ба маҳбас рафтааст. Ӯ гуфт, чанд рӯз пеш миёни маъмурон ва чанде аз зиндониҳо муноқиша сар зада ва ба дунболи он баъзе аз маҳбусон, аз ҷумла бародари ӯро дар ҳуҷраи ҷаримавии зиндон ҷо кардаанд.
Ба гуфтаи Амир, барои раҳоӣ аз ин ҳуҷра аз ӯ маблағ талаб кардаанд ва чун бародари ӯ тавони пардохти ин миқдор маблағро надоштааст, Ҳамзаро бо дарзмоли тафсон ва зарби анбур шиканҷа дода, ба ҳалокат расонидаанд. Амир афзуд, дар қисматҳои мухталифи ҷасади бародараш осори шиканҷа хеле зиёд ба мушоҳида мерасад, ки онҳо он ҳамаро ба навор гирифтаанд.
Осори шиканҷа дар бадани Ҳамза Икромов ошкор буд.
"Гуфта буд, ки бисёр ғам медиҳанд, либосҳоямро титу пит мекунанд. Ман гуфтам, то рӯзи душанбе сабр кун, ман рафта бо онҳо гап мезанам. Рӯзи шанбе байни онҳо ҷанҷол шудааст. Бурдаанду дар Шизо маҳкамаш кардаанд. Рафиқонаш хабар доданду гуфтанд, ки барои раҳоии вай аз онҷо 2 ҳазор доллар мепурсанд. Гуфтанд, агар наорӣ, муқобилаш дело кушода ӯро панҷ сол мӯҳлат медиҳанд. Экспертиза гуфта истодааст, ки ӯ худро ба дор кашидааст. Ман тамоми баданашро нишон дода гуфтам, ба дор кашидагӣ ҳамин хел мешавад? Танаш бо дарзмол сӯзондагӣ, пойҳо сӯзондагӣ, пушти бадан сип-сиёҳ",-нақл кард Амир Икромов.
Амир Икромов, бародари Ҳамза мегӯяд, ӯ тамоми талошро хоҳад кард, то қотилони бародарашро, ки ба гуфтаи вай, маълуманд, ба ҷазо бикашанд.
Сарчашма: Торнамои радиои "Озодӣ"