Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Ман фаъолияти кории худро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ оѓоз кардам. Кӯдаконе, ки ба синфи якум мераванд, ба дастгирӣ ниёз доранд, ба муаллим менигаранд ва аз ӯ кӯмак интизоранд, то ӯ ҳама чиро фаҳмонад, аз дасташон бигирад ва дуруст навиштани ҳарфу рақамро омӯзонад. Мақсади омӯзгор ин аст, ки ҳар як шогирдаш омӯзад ва ба мақсадҳояш расад. Вақте шогирдон мактабро хатм мекунанд ва ба мақсадҳои пешгузоштаашон ноил мегарданд, омӯзгор фахр мекунад, ки беҳуда заҳмат накашидааст.
Мақсади ҳимоятгари ҳуқуқ - таъмини ҳифзи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс, ба одамон фаҳмонидани ҳуқуқҳои конститутсиониашон аст. Вақте ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба мақсадаш дар самти расонидани кӯмак ба одамон ноил мегардад, бо ин фахр мекунад ва бояд кӯшиш намояд, ки бештар кӯмак расонад ва донишҳои худро дар амал истифода бубарад.
Ҳимоятгари ҳуқуқ - ин нафарест, ки нисбати нафари дигар ва умуман ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дорад. Ӯ ҳамдарди одамон аст. Омодаи гӯш кардан будан, эҳсоси адолат, инсондӯстӣ ва ҷиддият - нишонаҳои асосӣ барои ҳимоятгари ҳақиқии ҳуқуқанд.
Барои амалӣ намудани ваколатҳои худ, донишҳо асосан дар самти ҳуқуқ заруранд, зеро кӯмак ба одамон дар масоили шаҳрвандӣ - ин пеш аз ҳама донистани қонунҳои зиёд аст. Инчунин, донистани таърих, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ лозим ва вазъияти иҷтимоиву сиёсии кишвар ва ҷаҳонро бодиққат мушоҳида кардан муҳим аст.
Вақте ки касби аслӣ аҳамияти махсус надорад, ҳимоятгарони ҳуқуқро кӯшиши истодагарӣ муқобили беадолатӣ муттаҳид месозад.