Аз хурдсолӣ ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши волотарин меҳисобидам”

Саймумин Кабиров: «Ҳанўз аз хурдсолӣ ман ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши волотарин меҳисобидам, зеро ин ду категория барои ҳар як одам аҳамияти зиёд доранд. Масалан, ҳар як шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқи овоздиҳӣ метавонад дар идоракунии давлатӣ ва қабули қонунҳо таъсир гузорад. Дар ҳолати баръакс, ў аз ин раванд дур карда шуда, ақидааш дар идоракунии давлатӣ ба назар гирифта шамешавад.

Зиндагӣ ва фаъолият кардан дар чаҳорчўбаи қонун, сарфи назар аз миллати шаҳрванд, ақидаҳои диниву сиёсии ў, мавқеъ ва мақоми иҷтимоияш дар ҷомеа, саҳмгузорӣ барои рушд, таъмини адолати сиёсиву иҷтимоӣ ба хотири рушди шахсият ва ҷомеа - ҳамаи ин ҳисси масъулиятшиносӣ ва патриотизми шаҳрвандро боло мебарад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машѓулам, то дар ин раванд саҳми худро гузорам».