Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ба қурбониёну гирифторони шиканҷа дар Ватанам…
Аз ҳеч раҳ ғубор,
Аз ҳеч сў ҳарфу садое намерасад.
Гўйӣ ба ҳашт қарн аз ин оқиб фитодаем,
Гўйӣ замони мо
Худ он замони даҳшату дашноми Чингиз аст,
К-аз он фиғони халқ ба ҷое намерасад…
Ё Раб, ба чӣ гуноҳ
Ин ҷо шиканҷа мешавем бо сад ҳазор роҳ?
Мо дар ватан фақир,
Мо дар ватан фирорием аз ҷаври ҳамватан,
Мо дар Ватан ба ҷурми таваллуд шудан асир.
Пайванди Розием,
Фарзанди Буалӣ,
Вомонда дар вабои ҷафоҳои ҳамватан,
«Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад,
В-ин кори мо ба баргу навое намерасад».
Аз мо на ҷаҳду ҷўш,
Аз мо на пора кардани занҷираҳои зулм.
Мо дар хароси ҷаври қавонин чу маркабе,
«Роҳе, ки меравем ба поён намебарем,
Ҷаҳде, ки мекунем, ба ҷойе намерасад».
Моро ба бечароғии шабҳои фасли дай,
Моро ба ҷурми рафтани масҷид ба кори Ҳақ,
Моро ба бемаошиву пардохти боҷҳо,
Моро ба садҳазор балоҳои пай ба пай,
Таҳқир мекунанд!
Ҷойи гурез нест,
Пойи гурез нест!
Қасди ситез нест,
Дасти таҳамтанонаву шамшери тез нест!
«Ин пойи хаста ҷуз раҳи ҳирмон намеравад,
В-ин дасти баста ҷуз ба дуъое намерасад».
Гирам низоми кори мо дар вожа дунявист,
Дунё зи мо ҷудост,
Дунёи ағниёст!
Гирам агар низоми мо ҳамчун шаҳаншаҳист.
Бо ин ҳама фиғон,
Бо ин ҳама нигоҳу кафи сўйи осмон,
Охир чаро, чаро,
Аз кохи «подшоҳ салое намерасад?»
***
Мисроъи даруни нохунак аз Мавлоно Убайди Зоконӣ
Шеъри Исфандиёри НАЗАР
Сарчашма: саҳифаи муаллиф дар Facebook