Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Аввалан, барои он ки сабабҳои воқеии ҳомии ҳуқуқ шудани ман фаҳмо гардад, бояд ба 20 соли гузашта баргашт, замоне, ки ман ҳанӯз кӯдак будам. Аз хурдӣ ман филмҳо дар бораи қаҳрамононро дӯст медоштам. Принсипҳо, мақсадҳо, ғурури онҳо ва боварӣ ба эътиқоди худ маро ҷалб намуда, маҷбур мекарданд, ки мафтунашон гардам. Бо ҳамин сабаб, ман қарор додам, ки қаҳрамон шавам, чун онҳо ба одамон кӯмак расонам, адолатро амалӣ созам ва барои насли оянда намуна бошам.
Аммо бо гузашти вақт, баробари ба камол расиданам, дарк кардан гирифтам, ки наметавонам қаҳрамон бошам, яъне наметавонам он чизеро амалӣ намоям, ки онҳо метавонанд танҳо дар филмҳо амалӣ созанд, зеро, мутаассифона, воқеият чунин нест. Бо дарки ин андеша, ба фикр фурӯ рафтам, ки дар оянда ба чӣ кор машғул шудан мехоҳам? Меъёри асосӣ дар интихоби касби ояндаи ман нуктае буд, ки ихтисосам бояд ба кӯмак ба одамон ва барқарорсозии адолат вобаста бошад. Ҳоло дақиқ ёд надорам дар куҷо, дар хабарҳо ё дар яке аз филмҳои бешумори мустанад, дар бораи фаъолияти яке аз ташкилотҳои ҳимоятгари ҳуқуқ шунидам, ки ба шахсони ҷабрдида барои барқарор намудани ҳуқуқҳои нақзшудаашон кӯмак расонидааст ва ин нафарон бо чашмони пур аз ашк ба ҳимоятгарони ҳуқуқ барои кӯмаку дастгириашон изҳори миннатдорӣ мекарданд. Дар майнаи ман ногаҳон ким-чизе ба ҷунбиш омад: «Ана он! Ин чизест, ки ман меҷустам! Ин усули ман барои кӯмак ба одамон аст!». Ва аз ҳамон лаҳза назди худ мақсад гузоштам, ки ҳимоятгари ҳуқуқ мешавам.
Инак, соли сеюм аст, ки ман дар ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва кам кардани бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳайси ҳомии ҳуқуқ фаъолият мекунам. Ва мехоҳам ба шумо бигӯям, ин махсусан ҳамон корест, ки ман кӯшиш мекардам ва меҷустам. Одатан, ҳар рӯз мо ба одамон барои дастрас кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳрвандиашон кӯмак мерасонем. Мо ба рӯи онҳо роҳҳоеро боз мекунем, ки метавонанд тариқи онҳо аз лабиринти бюрократие, ки зиндагӣ воридашон сохтааст, берун бароянд.
Ин муқоиса, ки зикр кардам, ба ёди ман яке аз қаҳрамонҳои сегонаи намирандаи бародарҳо (ҳозир хоҳарон) Вачовскийҳо - «Ҷадвал» («Матрица»)-ро овард. Онҷо қаҳрамоне буд бо номи «Устои калидҳо», ки бо кӯмаки қобилиятҳои худ метавонист дилхоҳ дарро кушояд, ҳар он ҷое ҳозир шавад, ки мехоҳад. Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам метавонанд бо кӯмаки донишҳои худ дарҳои лабиринтҳои бюрократӣ ва ҳуқуқиро кушоянд. «Калидҳои дарҳо» барои ҳомиёни ҳуқуқ донишҳои онҳост ва ин донишҳоро ҳар рӯз васеъ кардан лозим аст, зеро кори ҳимоятгари ҳуқуқ аз кӯмак ба одамон иборат аст ва фаъолияти ғайрикасбии мо ва ё надоштани дониши зарурӣ метавонад ба оқибати нигаронкунанда оварда расонад.
Ҳарчанд ман қаҳрамоне нашудам, ки дар кӯдакӣ мехостам бошам, аммо, ба ҳар ҳол, ба одамони ба мушкилӣ дучоргашта кӯмак мерасонам. Ба андешаи ман, мақсади асосӣ ва маънии ҳаёти ҳар як инсон кӯмак расонидан ба наздикаш маҳсуб меёбад. Агар ҳар як нафар андаке кӯшиши ёрӣ расонидан ба ягон наздики худ намояд ва ба шахсе, ки ба мушкилӣ дучор гардидааст, дасти кӯмак дароз кунад, ҷомеаи мо бешубҳа беҳтар хоҳад шуд.