Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аъзои як хонавода аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, шикоят кардаанд, ки маъмурони пулиси маҳаллӣ фарзанди онҳоро мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Гуфта мешавад Искандар Сангов дар натиҷаи лату кӯб ва шиканҷаи маъмурони пулис сахт садама дида ва ҳоло дар бемористони марказии вилоят дар шаҳри Қурғонтеппа бистарӣ аст.
Ба гуфтаи Ҷамшед Сангов, бародари Искандар, пизишкон гуфтаанд, ки мағзи сари ӯ осеби ҷиддӣ дида ва бояд то беҳтар шудани вазъи саломатияш таҳти назорати пизишкон бошад.
Оқои Сангов, ки худаш корманди собиқи пулис аст, мегӯяд, ки маъмурони пулиси маҳаллӣ ва пулиси роҳ дар ноҳияи Вахш бародари ӯро ба ҷойи фарди дигаре иштибоҳ гирифта ва ба идораи пулис бурдаанд ва мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор додаанд.
Худи Искандар Сангов, ки дар вазъияти вахиме дар бемористон қарор дорад, дар ин бора чизе нагуфт, аммо осори шиканҷа дар гардан ва қафаси синаашро, ки зоҳиран аз лату кӯб ба ҷо монда, нишон дод.
Ба гуфтаи пайвандонаш, маъмурони пулис Искандар Санговро рӯзи 10 апрел ҳангоме ки савори мутурсиклет буд, боздошт карда, пероҳанашро ба гарданаш бастаанд ва ба идораи пулис бурдаанд.
Нағзигул Сангова, модари Искандар, дар бемористон мегӯяд, ки дар боздоштгоҳи пулис маъмурон бо писараш бадрафторӣ кардаанд. Аз ҷумла барои ахзи эътироф ӯро лату кӯб ва душному тавҳин кардаанд.
Манобеъи пулиси маҳаллӣ ҳозир нашуданд дар бораи ин рӯйдод бо хабарнигорон суҳбат кунанд.
Лату кӯби Искандар Сангов дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ додситони вилояти Хатлон дар иртибот бо марги Низомиддин Ҳомидов, як сокини дигари ин ноҳия, дар идораи пулис парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ин парванда дар ҳоле боз шуда, ки Ҷунайдулло Ҳомидов, падари Низомиддин Ҳомидов, ба созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз шиканҷаи писараш дар идораи пулис шикоят бурда буд.
Низомиддин Ҳомидов ба занни кулоҳбардорӣ (тақаллуб) аз сӯйи маъмурони интизомӣ боздошт шуд, аммо пас аз муддате ҷасади мурдааш ба хонаводааш мунтақил шуд.
Тайи солҳои ахир аз мавориди густардаи шиканҷа ва бадрафтории маъмурони интизомию амниятӣ бо боздоштшудагон ва маҳбусон дар Тоҷикистон гузориш шудааст.
Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз мавориди густардаи корбурди шиканҷа барои водоштани боздоштиён ба эътироф дар муассисоти интизомию амниятии Тоҷикистон интиқод кардаанд, аммо гуфта мешавад, ки бештари ин интиқодот нодида гирифта мешавад.
То ду сол пеш ҳеч таърифе аз шиканҷа дар қонуни кайфарии Тоҷикистон вуҷуд надошт ва омилони шиканҷа маъмулан ба иттиҳоми "суиистифода аз мақом" ё "фаротар рафтан аз доираи салоҳият" танбеҳ мешуданд.
Ҳарчанд бо сабти шиканҷа ба унвони ҷиноят дар қонуни кайфарии Тоҷикистон дар моҳи марти 2012 замина барои муҷозоти омилони он фароҳам шуда, вале ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, чашмпӯшии мақомот ба ин масъала боъис шуда, ки омилони шиканҷа ҳамчунон беҷазо монанд.