Анвар Норматов: Ман аз он сабаб қарор додам ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон дар заминаи раҳоӣ аз шиканҷа машғул шавам, ки дар бисёр ҳолат ҳуқуқҳои бо қонун кафолатдодашуда дағалона вайрон карда мешаванд. Мо, адвокатҳо, ҳамеша омодаем кўмаки ҳуқуқии баландсифату ҳирфаӣ расонем, зеро мутобиқи моддаи 10-и Қонуни Асосӣ, «давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо уҳдадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд». Барои ҳамин, ман ҳамчун адвокат дар чандин парвандаҳо иштирок ва аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳимоят кардам»