- Ман ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя мекунам, ки аз ҷониби Конститутсияи Тоҷикистон, меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунҳои кишвар кафолат дода шудаанд. Ҳуқуқи инсон бароям арзиши баландтарин маҳсуб меёбад ва бовар дорам, ки ман чун дигар ҳимоятгарони ҳуқуқи кишвар кори аз ҳама дурустро иҷро мекунам.
Сарфи назар аз ихтисос, маълумот, таҷриба ва баромади иҷтимоӣ, дилхоҳ шахс метавонад ҳимоятгари ҳуқуқ шавад. Талабот нисбати ҳимоятгари ҳуқуқ хеле бузург аст, аммо дилхоҳ одами хуб метавонад ба он ноил гардад: ин боварӣ ба ҳуқуқи инсон ва дурустии кори худ, мардонагӣ, сабр, истодагарӣ дар муқобили душвориҳо, боадолатӣ, мустақилият ва беғаразӣ аст.
Мо, ҳимоятгарони ҳуқуқ, боварӣ дорем ва барои ҳимояи ҳуқуқи инсон кӯшиш мекунем, ҳатто агар натавонем натиҷаҳоеро ба даст орем, ки мехоҳем, ҳатто агар бубинем, ки дар баъзе масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар як нуқтаи «мурда» истодаем ё ба қафо ҳаракат мекунем.
Вақте ки ман натиҷаи мусбати кори худро намебинам, руҳафтода намешавам ва фаъолияти худро «дигар» намекунам. Ман медонам, ки бояд кӯшиши бештар ба харҷ диҳам ва танҳо ба пеш ҳаракат кунам.