- Ҳимояи ҳуқуқи одамон рисолатест, ки бояд аз ҷониби намояндагони касбу кори гуногун истиқбол гирифта шавад ва дастгирӣ ёбад. Бояд ба ҳомиёни ҳуқуқ кӯмак расонида шавад, то тавонанд дар ҳамдастӣ бо дигар намояндагони табақаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ барои пойдор кардани адолат талош варзанд. Вақте ки дар ҳамкорӣ бо ҳомиёни ҳуқуқ ба инъикоси масоили ҳуқуқӣ мепардозӣ ва қишри бештари аҳолӣ аз ҳуқуқҳояшон огоҳӣ меёбанд, хушҳол мешавӣ. Зеро, ҳама дар назди қонун баробаранд ва набояд ҳуқуқу манфиати касе аз каси дигар боло гузошта шавад. Яъне, дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон бояд ҳамеша шаффофият бошад ва адолат тантана кунад.