-Муҳим ин ки, дар ин кор назди кӯдакон шахсан уҳдадорӣ ҳис намоӣ ва он вақт бисёр корҳоро анҷом додан мумкин аст. Дар ҳаёти ҳаррӯза чунин менамояд, ки ба кӯдак чизи бисёр лозим нест ва мо - калонсолон одат кардаем ба ҷойи онҳо қарор барорему ба худ суол намедиҳем, ки «худи кӯдак чӣ мехоҳад?». Агар мо ҷомеаи пешрафтае мехоҳем, ки кӯдакон тавонанд озодона изҳори ақида намоянду ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд, пас бояд ҳатман аз худамон оғоз намоем.