Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тибқи натиҷаҳои соли 2018 ман дар номинатсияи ВАО ҳамчун беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқ интихоб гардидам. Қаблан ҳамчун хабарнигори оддӣ дар матолиби худ бештар ба мушкилоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳ медодам. Ман чунин мешумурдам, ки рӯзноманигор узви пайвандсозу муҳим миёни аъзои осебпазири ҷомеа ва табақаи пурқувватест, ки метавонанд ва уҳдадоранд ба одамон кӯмак расонанд.
Дуруст аст, ки усулҳои кор каме дигар шуданд, аммо ин мавқеи ман ҳоло ҳам тағйир наёфтааст. Мо ҳоло на танҳо мушкилоти мардум ва ҳолатҳои нақз шудани ҳуқуқи инсонро инъикос менамоем, балки худамон ҳам кӯшиш мекунем ба зарардидагон бо расонидани кӯмаки машваратӣ мусоидат намоем. Мо зиёд аксияҳои иҷтимоиву хайриявӣ мегузаронем, то таваҷҷуҳи бештари аҳли ҷомеаро ба мушкилоти одамони осебпазир ҷалб намоем.
Агар ба таври мухтасар гӯем: рӯзноманигори касбӣ ҳимоятгари ҳуқуқ ба шумор меравад. Ин унвони вай аст.