- Ман фикр мекунам, ҳар як инсон, касе зиёдтар, касе камтар ҳисси ҳимояи нафаронеро доранд, ки ҳуқуқҳояшон нақз шудаанд. Вақте қарор додам, ки дар роҳи ҳимояи ҳуқуқ қадам бардорам, маро ин эҳсос пурра фаро гирифт, зеро медидам, ки одамони ҳуқуқҳояшон поймолшуда ба ҳимоя ва кӯмак ниёз доранд. Ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон кори бузург аст ва ман фахр мекунам, ки ба он машғулам.