Хуршед Қурбоншоев, ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»: Шиканҷа - ин замонест, ки ба ҷои қонун зӯрӣ истифода мешавад

«Манъи шиканҷа - ин на танҳо як амали инсондӯстона аст. Ин як марзи ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ аст, ки инсонро аз амали хунукназарона муҳофизат мекунад. Вақте ки давлат ин марзро риоя мекунад, тасдиқ менамояд, ки шаъну эътибори инсон ҳадафи муҳим ба шумор меравад. Шиканҷа - ин замонест, ки ба ҷои қонун зӯрӣ истифода мешавад ва дар ҷойе, ки зӯрӣ болотар аз ҳуқуқ аст, он ҷо адолат нест».