Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳои ҳуҷҷатӣ ва журналистӣ борҳо шоҳиди нақз гардидани ҳуқуқҳои мардум аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ шудаам. Иддае аз сокинон собит кардаанд, ки аризаву мактубҳояшон гоҳо аз сӯи бархе масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва ё қудратӣ қонунан ва дуруст, дар вақташ баррасӣ нашуда, балки нодида гирифта мешавад. Баъди муроҷиати пайдарпай ба мақомот баъзеҳо бо охирин умеди тантанаи адолати ҳуқуқӣ тавассути матбуот гоҳе ба ман барои гузаронидани тадқиқоти ҳуҷҷатӣ ва ё журналистӣ муроҷиат мекунанд. Онҳо мехоҳанд тавассути матбуот арзу додашон ба мақомоти болоӣ ва ҳатто ба Президенти кишвар бирасад ва дар қазияи онҳо бознигарӣ сурат гирад. Чунин мушоҳида мешавад, ки дар ин авохир ин раванд рӯ ба густариш аст. Агар ин аз як тараф собит кунад, ки мардум ҳоло барои ҳимояи ҳуқуқи худ тавасути матбуот талош мекунанд, аз сӯи дигар, ин бозгӯи вазъест, ки барои мисол, дар судҳои зинаи поёнӣ ва ё мақомоти қудратӣ, умдатан дар ноҳияҳо, ҳуқуқи мардум ҳамоно зиёд нақз мегардад.
Мо талош мекунем, ки тавассути матбуот умеди мардум бароварда шавад ва волоияти қонун таъмин гардад. Ҳимояи ҳуқуқи мардум як бахши фаъолияти журналистии ман аст.