Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мавқеи ҳаётии худро ман аллакай дар солҳои мактабхонӣ, вақте ки аз рӯзномаву маҷаллаҳо (интернет на ба андозае дастрас буд, ки ҳоло ҳаст) оид ба тадқиқотҳои журналистӣ ва ошкор намудани ҷинояткорон дар дохили кишвару хориҷ аз он мехондам, муайян кардам. Он вақт чунин суолгузорӣ мекардам: «Дар натиҷа, кӣ қурбонии ин ҷинояткорон мегардад? Албатта, халқи оддӣ».
Баъди ин хоҳиши машғул гардидан ба фаъолияти фоиданок - ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардуми оддӣ пайдо шуд. Имрӯзҳо аз 8,5 миллион нафар аҳолӣ танҳо 2,5 миллион нафар дар шароити шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд. Қисми боқимондаи аҳолӣ дар деҳот умр ба сар мебаранд, ки сатҳи иттилоотӣ-ҳуқуқии сокинони маҳаллӣ беҳбудӣ мехоҳад. Ҳар лоиҳаи иҷтимоиро, ки мо амалӣ намоем, мехоҳем қисман он ҷониберо фаро гирем, ки бештар аз ҳама мардуми оддӣ ниёз доранд.
Ба назари ман, ҳуқуқи асосии ҳар як инсон ва шаҳрванд - ин ҳуқуқ ба саломатӣ аст. Ҳар навъе, ки набошад, ӯ ҳуқуқ ба саломатӣ ва дастрас намудани хизматрасонии босифати тиббӣ дорад. Аз ҳама муҳим, ӯ ҳуқуқ ба озодӣ аз фишор (ки фазои шахсиашро вайрон месозад), таъқиб (оромӣ ва руҳияро вайрон месозад), латукӯб (зарари ҷисмонӣ мерасонад) ва шиканҷа (руҳияву устувории маънавиро мешиканад) дорад.
Натавонистам, наметавонам ва намехоҳам ба рухдод бо чашмони пӯшида нигарам, вақте ки шиканҷаву пастзанӣ маъмулӣ мегарданду саломатӣ ва ҳаёти инсон арзише нахоҳад дошт.
Агар тӯли фаъолиятам тавонистам ва ё дар оянда низ тавонам ба ниёзмандон кӯмаки зарурӣ расонам, пас худро ҳимоятгари ҳуқуқи воқеӣ меҳисобам.