Қурбонгул Қосимова, ФҶ «Наҷоти кӯдакон»: Принсипи ман ҳимоятгари ҳуқуқ будан аст

Ман ҳеҷ гоҳ нисбати дарду ранҷҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавӣ бетафовут набудам. Дар роҳи ҳаётии худ зиёд нафаронро дар ҳолати вазнин дидам ва ҳамеша кӯшиш намудам ба онҳо кӯмак расонам, хусусан вақте ки ба ман қурбониёни беадолативу таҳқирдидагон муроҷиат мекарданд. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки принсипи зиндагии ман - ҳимоятгари ҳуқуқ будан, ин ҳаёти ҳимоятгари ҳуқуқ аст. Вақте ки бо ташаббуси ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» ташкилоти мо барандаи ҷоизаи ҳимоятгари ҳуқуқ гардид, бештар масъулиятшинос шудем ва ин номро бо ифтихор бар дӯш дорем.