- Ман ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя мекунам, зеро дар дунёи беадолат онҳо зиёд нақз мешаванд. Бояд ҳамеша дар ин хусус одамонро хотиррасон кард, хусусан онҳоеро, ки роҳбаранд. Одамон назди Худо баробаранд ва ба адолати воло умед доранд. Агар ин адолат дар рӯи замин таъмин гардад, зиндагӣ осонтар мешавад. Ман инро хеле хуб мефаҳмам ва ҳис мекунам. Барои чӣ инро дигарон, онҳое, ки ин ҳуқуқҳоро нақз мекунанд, намефаҳманд?
Кишвари мо дар бораи ҳуқуқи инсон як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалиро қабул кардааст ва ҳукумат уҳдадор аст, ки барои ҳама ҳуқуқҳои баробарро таъмин намояд. Дар назария ҳамин хел ҳам ҳаст, аммо дар амалия саҳнаи тамоман дигарро мебинем. Агар ҳуқуқҳои инсон нақз намешуданд, касби ҳомии ҳуқуқ нолозим мешуд. Мутаассифона, айни замон чунин нест. Ҳоло ба онҳо зарурат ҳаст. Касоне, ки беадолатиро тоқат надоранд, барои ҳуқуқи инсон мубориза мебаранд.