Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии №1, ки чанде қабл ба Хуҷанд фиристода шуд, иттилоъ дод, ки рӯз то рӯз вазъи саломатии писараш бад гардида, вале маъмурияти муассисаи ислоҳии Хуҷанд баҳри кӯмак ба ӯ ҳеҷ тадбире намеандешад.
«Зимни суҳбати телефонӣ бо писарам Суннатулло Ризоев ӯ изҳор дошт, ки пас аз лату кӯб хунравии дохилӣ дар ҷисмаш оғоз гардида, ӯро ба қисми тиббӣ нафиристодаанд ва ҳатто ба вазъи солимии ӯ умуман ҳеҷ таваҷҷуҳе намекунанд», - гуфт вай.
М.Ризоев ба ОИ «Азия-Плюс» сабти аудиои суҳбати телефонӣ бо писарашро пешниҳод намуд. Дар ин сабт С.Ризоев огоҳ мекунад, ки «агар ӯ зинда намонад, ба фарзияи худкушӣ ё ҳодисаи нохуш бо ӯ бовар накунанд».
Ба қавли вай, модари С.Ризоев ба Хуҷанд раҳсипор шудааст, то писарашро бубинад, вале бо баҳонаи карантин дидори модару писарро иҷозат надодаанд. Ба ҳамин иллат адвокат ҳам бо ӯ гуфтугӯ карда наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки 10-уми нояри соли равон адвокати хонаи машварати ҳуқуқии №1-и шаҳри Хуҷанди назди Ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ки аз манфиатҳои Суннатулло Ризоев ҳимоят мекунад, аз муассисаи ислоҳии Хуҷанд боздид намуда, бо дархости дидору гуфтугӯ бо маҳбус С.Ризоев ба маъмурияти муассиса ба таври хаттӣ муроҷиат намуд, вале дар робита ба эълони карантин аз санаи 5-уми ноябр, дархости ӯро рад карданд.
Маҳмурод Ризоев таъкид дошт, ки писараш барои яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода будан ба чунин вазъ гирифтор шуд, зеро ҳақиқатро рӯйпӯш карданӣ набуд. «Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Ҳ.Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор кард, ки бо чашмони худ дидааст, ки чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шудан лату кӯб кардаанд ва нишондоҳои худро иваз карданӣ нест», - мегӯяд падари маҳбус.
Ӯ мутмаин аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб ҳукуматдорон маҳбусонро ба муассисаи ислоҳии минтақаи шимоли кишвар фиристоданд, харчанд муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов иброз медорад, ки интиқоли маҳбусон «тибқи нақша» сурат гирифт.
Як сарчашмаи дигар аз Сарраёсати мазкур иттилоъ дод, ки мутобиқи Кодекс дар бораи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳангоми ворид гардидан ба муассисаи ислоҳӣ, маҳкумшудагон дар карантин қарор мегиранд, ки метавонад аз 15 рӯз то 1 моҳ идома ёбад.
Қобили зикр аст, ки Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон изҳороти кушода пахш намуда, дар он аз ҳодисаи лату кӯби маҳбусони аз Душанбе ба минтақаи шимоли кишвар фиристода дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд ва мудом расидани хабарҳо аз маҳкумшудагон ва наздикони онҳо дар бораи ҷой доштани далелҳои истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ аз ҷониби кормандони он нигаронии шадид изҳор намуд.
Дар изҳорот аз ҳукуматдорони Тоҷикистон тақозо гардида буд, ки гурӯҳи корӣ аз шумори намояндагони Парлумон, Ҳукумати ҶТ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати адлияи ҶТ, аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байнулмилалӣ оид ба гузаронидани ташхисҳои судиву тиббӣ ва равоншиносӣ, инчунин нозирони САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ барои тафтиши мустақил, беғараз ва муассири қазияи муассисаи ислоҳии Я/С №3/3-и ш.Хуҷанд ташкил гардида, ба ин тариқ, «таҳаммулнопазирии комил» нисбат ба далелҳои шиканҷа дар кишвар зоҳир карда шавад.