Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
- Худи номи ташкилоти ҷамъиятӣ - «Корвони умед» гувоҳи фаъолияти мост. Мо занҳоеро, ки бо хушунат рӯ ба рӯомадаанд, дастгирӣ мекунем, ба онҳо роҳи раҳоӣ аз вазъияти қарордоштаашонро нишон медиҳем ва имкон фароҳам меорем, то ба оянда бо назари нек нигаранд.
Вазифаи асосии мо аз он иборат аст, ки вазъияти бехатарро ба вуҷуд орем, то он ҷо онҳо тавонанд офиятбахшӣгузаранд ва машварати равонӣ, инчунин кӯмаки ҳуқуқӣ ва тиббӣ бигиранд. Занҳои бо хатар дучоромада онҳое ҳастанд, ки дар вазъияти як андоза ногувор, бидуни ягон хел воситаи рӯзгузаронии кӯдакони худ, бе маълумоти миёнаи пурра қарор доранд. Махсусан дар чунин ҳолат аз ҳама бештар имкон ҳаст, ки ӯ қурбонии хатари амалҳое гардад, ки метавонанд ӯро ба танфурӯшӣ маљбур кунанд.
Ҳамасола мо чор курси дӯзандагӣ мегузаронем. Дар доираи лоиҳа мо либосҳои хоси занона омода мекунем,ҷузвдонҳо, болинҳо, болопӯши чойникҳо, дастпӯшакҳо, пешбандҳо, сачоқҳо ва дастурхонҳо медӯзем.
Аз соли 2011 мо курсҳои амсиласозӣ ва ороишот аз сангҳои миёнаарзиши тољикиро мегузаронем.
Моҳи марти соли 2012 мо курсҳои қаннодиро кушодем, ки ба занҳо имкон медиҳад ҳунари қаннодӣ омӯзанд ва баъдтар тиҷорати худро боз намуда ва ё дар истеҳсолоти хӯрока кор пайдо намоянд.
Давоми чор соли охир мо зиёда аз 400 занро омӯзонидем, ки 130 нафари онҳо дипломҳои сохторҳои марбутаро дар Вазорати меҳнат пайдо карданд.