- Ҳимоятгари ҳуқуқ - ин нафарест, ки бо дарназардошти ҳуқуқҳои ҳамаи иштирокчиёни баҳс ё низоъ, қобилияти ишѓол намудани мавқеи ҳуқуқиро дорад. Ман ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон оѓоз кардам ва дар таҷрибаи адвокатии худ бисёр парвандаҳои марбут ба зӯровариву муносибати бераҳмона нисбати кӯдаконро дидам. Аммо кӯдакон худ наметавонанд мустақилона дар ҳамаи муассисаву мақомоти давлатӣ ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд. Аз ҷониби худ, ман ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқ мехоҳам ба чунин кӯдакон кӯмак расонам, онҳоро ҳимоя намоям.