- Таври маълум, ҳимоятгарони ҳуқуқ одамонеро мегӯянд, ки дар танҳоӣ ё ҳамроҳ бо дигарон ҳуқуқи инсонро бо роҳҳои осоишта тарғибу риоя мекунанд. Яроқи ҳомии ҳуқуқ баҳри мубориза барои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон сухан аст. Ман ҳамчун адвокат дар таҷрибаи худ тамоми ҳуқуқҳои умумиву ҷудонашавандаи инсонро дар кишвари азизи худ риоя намуда, кӯшиш мекунам бо роҳҳои қонунӣ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳимоя намоям.