Нодира Абдуллоева, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»: «Вазъиятро каме ба самти мусбат тағйир медиҳам»
04.07.2017 - 15:37
- Инак, зиёда аз 12 сол аст, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ кор мекунам. Аввалин кореро, ки бо нақз шудани ҳуқуқи онҳо дучор гардидам, ҳамеша дар ёд дорам. Ин дар арафаи соли нави 2004 буд. Дар охири рўзи корӣ ба коргоҳи қабулгоҳи ҳуқукии ройгони мо марде омад ва кўмак пурсид. Рушан гардид, ки муҳоҷир ва наздикони ў дар ҳудуди Қазоқистон ба дасти гуруҳи криминалӣ афтодаанд. Онҳоро боз дошта ва барои раҳоияшон маблағ талаб кардаанд. Муҳоҷирон имкони наҷот ёфтанд, аъзои гуруҳи ҷиноятиро бошад, маҳкум карданд. Баъди ин қисса ҳолатҳои зиёди дигаре бо анҷоми самарабахш буданд, баъзан на он қадар хуб. Аммо ҳар бор, ки ба муҳоҷирон кўмак мерасонам, медонам, ки натанҳо мушкили шахси мушаххасро ҳал мекунам, балки вазъиятро каме ба самти мусбат тағйир медиҳам.