Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев - шоҳиди марги Ҳамза Икромзода қасд дорад аз бархӯрду амалкарди додситон ва маъмурони пулиси Хуҷанд ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон шикоят бубарад.
Оқои Одинаев шанбеи 27-уми июл ба “Озодагон” гуфт, рӯзи ҷумъа мақомоти пулиси шаҳри Хуҷанд ӯро ба зӯру шиканҷа боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ба қавли мусоҳиби мо, ин кор бо дастури Парвиз Қосимов, муфаттиши Додситони назорати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд, сурат гирифтааст.
“Ҳадафи онҳо ин аст, ки мехоҳанд бигӯем, фарзанди моро шиканҷа накардаанд ва дар зиндон ягон шиканҷа ҳам нест”, - афзуд Одинаев. Мусоҳиби мо мегӯяд, инчунин ӯро барои паҳн кардани видеои шиканҷаи Суннатулло Ризоев ва ҳамроҳонаш дар зиндони Хуҷанд муттаҳам донистаанд. Ин видео дар авохири соли гузашта дастраси расонаҳо шуд ва дар он як гуруҳ маҳбусоне, ки аз зиндони рақами аввали Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфта буданд, худро муаррифӣ карда, қисме аз бадани худро, ки зарбу лат дидаанд, нишон медиҳанд. Видеои шиканҷаи маҳбусон бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ шуд ва ба қавли соҳибназарон сирри шиканҷа дар зиндонҳоро, ки мақомот пайваста рад мекарданд, рӯи об баровард.
Падари Суннатулло Ризоев гуфт, шоми 26-уми июл худро аз Хуҷанд ба Душанбе расондааст, вагарна ба гуфтаи ӯ хавфи боздошташ дар маркази вилояти Суғд бештар буд. Ҳоло қасд дорад, ин мавзӯъро бо ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъ баррасӣ карда, аз рӯи он ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони байналмилалӣ муроҷиат кунад.
Маҳмурод Одинаев мегӯяд, ӯ барои иштирок дар додгоҳи фарзандаш Суннатулло Ризоев ва ҳамроҳи ӯ - Садриддин Тошев, ки ҳамчун шоҳидони марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешаванд, ба Хуҷанд рафта буд. Баҳси ин парванда рӯзи 26-уми июл дар СИЗО-и Хуҷанд оғоз ёфта, вале баррасияш барои як ҳафта ба таъхир гузошта шудааст.
Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев моҳи октябри соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода, як сокини ҷавони ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳи як гуруҳ зиндониён аз пойтахт ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфта буданд. Ин ду нафар дар пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам мешаванд.