Парвина Наврӯзова, ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»: «Фахр мекунам, ки метавонам дар рушди кишвари худ саҳм гузорам»

- Ман барои он касби ҳуқуқшиносиро интихоб кардам, ки аз кӯдакӣ зуд-зуд шоҳиди зӯроварӣ ва беадолатӣ мегардидам. Аллакай ҳамон вақт қарор додам ҳуқуқшинос шавам ва ҳуқуқҳои онҳоеро, ки ба зӯроварӣ дучор мегарданд, ҳимоя намоям. Тоҷикистонамонро дӯст медорам ва хеле ифтихор дорам, ки метавонам дар рушди кишвари худ саҳм гузорам.