- Ман ба он хотир ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ машғул гардидам, ки дар фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои кӯдакону занони маъюб баҳри истифодаи ҳама ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиашон, ки аз ҷониби давлати мо кафолат дода шудаанд, саҳм гузорам. Ба хотире, ки кӯдакон, духтарҳо ва занҳои маъюби кишвари азизам тавонмандиҳои худро истифода баранд, барои саҳми сазовор гузоштан дар рушди оилаи худ, ҷамъият, давлат имкониятҳои баробар дошта бошанд ва ба он хотир, ки дар ҷомеаи мо ҳама намуди табъиз нисбати онҳо барҳам дода шавад.