Ман зиёда аз 10 сол боз ҳамчун адвокат, аз љумла 6 солаш аз рӯи парвандаҳои Эътилоф кор мекунам. Тӯли фаъолияти худ доимо дар фикри он будам, ки адолат ва ҳақиқат тантана кунанд, гарчанде ин на ҳамеша даст медиҳад. Гап сари ин ки, парвандаҳои вобаста ба шиканља аз љумлаи душвортаринҳоянд. Исбот кардан душвор аст, ки зерҳимояи туро шиканља додаанд. Боз, кӯшиш намудан барои оѓоз шудани парвандаи љиноятӣ ва ба љавобгарӣ љалб кардани нафарони гунаҳгор душвортар аст. Вале ман ин роҳи душворро интихоб кардам. Барои ҳамин, аз он даст намекашам ва корамро баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон идома медиҳам.