Интихоби фаъолияти ман дар самти “ҳомии ҳуқуқ”, пеш аз ҳама ба ҳимояи арзиши олӣ - ҳуқуқу озодиҳои инсон алоқаманд аст.
Дар давраи таҷрибаомузии донишҷӯиам бо фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ шиносоӣ пайдо намуда, ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба гуруҳҳои осебпазир ва натиҷагирии мусбат аз он, ҳаловат мебурдам. Зеро нафароне, ки бехонаву дар мондаанд, соҳиби манзил гардиданд, дигаре аз таҳқиру туҳмат ва фишор озод шуд, сеюмин аз қасди ҷони худ даст кашид ва ғ. Ин буд, ки маро бештару бештар ба ин фаъолият ҷалб намуд.
Бояд қайд намоям, ки фаъолияти “ҳомии ҳуқуқ” бароям осон нест. Зеро дар ин самт фаъолият намудан мардонагии зиёдро талаб менамояд.