- Ба навиштан дар бораи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ман аз соли 2012 оғоз кардам. Ҳар вақте қаҳрамонҳои ман қиссаҳои худро дар бораи он, ки дар ғарибӣ бо чӣ қонуншиканиҳо ва душвориҳо дучор шудаанд, нақл мекарданд, дилам хун мешуд. Ҳамон вақт дарк кардам, ки бо роҳи инъикоси ҳолатҳо метавонам чизеро тағйир диҳам. Ман боварӣ дорам, ки як рӯзи хубе Тоҷикистон аз кишвари равонкунандаи муҳоҷирон ба давлати қабулкунандаи муҳоҷирон табдил меёбад. Дарк мекунам, ки ин ҳоло чун орзуи амалинашаванда садо медиҳад, аммо бовар дорам, агар ҳар яки мо андаке саҳми худро гузорем, ҳама корамон барор мегирад. Зеро, беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳеҷ гоҳ натарс, ки метавонад ягон корат барор нагирад - ба қарор ой, кӯшиш намо, устувор бош! Зеро, агар амал накунӣ, имкониятҳое, ки чизе тағйир ёбад, умуман вуҷуд нахоҳанд дошт...