- Ҳуқуқи инсон бароям муқаддас аст. Ҳар як инсон дорои ҳуқуқу озодиҳои муайян мебошад, ки ин ҳуқуқҳо бояд тибқи қонун ҳимоя карда шаванд. Фаъолияти дар самти "ҳомии ҳуқуқ" доштаам ба ман чунин имкониятро медиҳад. Аз ҳамин лиҳоз, ба ин фаъолият дил бастаам ва қадре ҳам бошад, мехоҳам ба одамон кӯмаки худро расонам.