«Тақдири одамон аз касбияти адвокат вобаста аст»
13.05.2017 - 09:17
Аскар Турсунов: «Касби адвокатӣ дар бисёр маврид аз инсонӣ ва одобу ахлоқ вобаста аст. Ба ман ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии одамон писанд аст. Тақдиру ҳаёти одамон аз касбият ва муносибати бомасъулият ба парванда вобаста аст. Ҳар як адвокат, чун ҳимоятгари ҳуқуқ, бояд сифатҳоеро аз қабили бовиҷдонӣ, инсонӣ, одоб, маълумотнокӣ, истодагарӣ, худидоракунии интизомӣ ва бомасъулиятӣ доро бошад».