- Метавон гуфт, ки ман ҳанӯз замони донишҷӯ буданам ба фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ меҳр бастам. Боварӣ ба он, ки тавони кӯмак расониданро ба нафари дигар дар ҷустуҷӯи адолат дорам, ба он, ки воситаҳои қонунии ҳимоя ва амалигардонии ҳуқуқи инсон вуҷуд доранд, ба ман илҳом мебахшид. Гарчанде фаъолияти ҳимоятгарии ҳуқуқ - ин касб нест, таҷрибаву донишҳои зиёди касбӣ талаб мекунад. Доштани чунин таҷрибаву донишҳо ба ман писанд аст. Инчунин, ман фикр мекунам, ки мо - ҳимоятгарони ҳуқуқро ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва бетафовут набудан нисбати нафари дигар муттаҳид месозад. Ин эҳсос ба мо имкон медиҳад, ки сарфи назар аз хатар ва душвориҳо дар кор боз ҳам бо ѓайрат фаъолият намоем ва бо пешбурди ҳуқуқи инсон дар рушди ҷомеа саҳм гузорем.