Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Шахси дилхоҳ ихтисос метавонад ҳимоятгари ҳуқуқ шавад. Ҳамчун табиб фаъолият намуда, ман дарк мекунам, ки назорат бурдан хеле муҳим аст, то ҳамаи одамон бо шароитҳои баробар ҳуқуқ ба саломатӣ дошта бошанд. Зеро, саломатӣ асоси ҳама чиз аст. Вақте ки инсон ҳуқуқ ба саломатӣ, дастрасӣ ба кӯмаки тиббии саривақтиву босифат, ба кафолатҳои тиббиву иҷтимоӣ надорад ва ё вақте ин ҳуқуқҳо ба ин ё он андоза маҳдуд мешаванд, наметавонад дар бораи дигар ҳуқуқҳо фикр кунад. Ҳуқуқ ба кӯмаки тиббиро ҳама доранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, гендерӣ ва миллӣ. Дар рафти офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо ман ҳар бор муҳимияти кори худро дарк мекунам. Бо расонидани кӯмакӣ тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ, барои сабук намудани дарди расида кӯмак мерасонӣ. Мақсади ман - бартараф кардани табъиз ҳангоми расонидани кӯмаки тиббӣ аст.