Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Тилав Расулзода, хабарнигори оҷонсии иттилоотии байналмилалии «Фергана»: Агар гӯям, ки ман рӯзноманигор - ҳимоятгари ҳуқуқам, нодуруст хоҳад буд. Ман адвокат нестам, ки манфиатҳои зерҳимояҳои худро ҳимоят мекунад. Ман, пеш аз ҳама, рӯзноманигорам ва кӯшиш мекунам, ки аз рӯи стандартҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ фаъолият барам, инчунин, ахлоқи журналистиро, ки тавозун, воқеият, беғаразӣ ва бетарафиро талаб дорад, риоя намоям. Аммо мавқеи шаҳрвандии рӯзноманигор ҳам ҳаст, ки онро инкор кардан мумкин нест. Ман мехоҳам канори адолат бошам, ба нидои виҷдон гӯш диҳам. Волидонам маро чунин тарбият додаанд. Дар замони мо рӯзноманигори муосир будан душвору хатарнок аст. Бархе фикр намекунанд, ки «барои ту даст задан ба мушкилии мазкур чӣ зарурат дорад?». Вале ман дигар хел буда наметавонам. Чунин мешуморам, ки ҳаёт ба инсон як маротиба дода мешавад ва бояд таври шоиста, бо сари баланд зисту бо номи накӯ бо дунё падруд гуфт.