Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дунёи боадолат дар меъёрҳои милливу байналмилалӣ зикр гардидааст. Хусусан барои дар ҳаёт татбиқ намудани ин меъёрҳо ҳимоятгарони ҳуқуқ кор мекунанд. Бо фаъолият дар ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ва ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, ки бояд мардумро ҳимоя намоянд, ман дарк кардам, ки ҷойи аз ҳама осебпазири ҳатто одами пурқувват - ин фосилаи ҳуқуқҳову озодиҳои ӯст. Ба қурбониён кӯмак расонида, муҳимияти кори ҳимоятгари ҳуқуқро дарк мекунӣ, чун вақте пешорӯи дарди қурбонӣ ҳама нобиноянд, танҳо чашмони ту кушодаанд. Муҳимтар аз ҳама, ман ҳамчун ҳуқуқшинос, ҳоло чун адвокат дарк мекунам, ки дар куҷо ҳуқуқҳои инсон нақз шудаанд, аммо баъзан ҳақиқатро расонидан ба шахсоне, ки метавонанд таъсир расонанду адолат тантана кунад, мушкил аст. Умедворам, ки иродаи ман - ҳуқуқҳимоякунандаи ҷавонро монеаҳо намешикананд ва то қадри тавон ба одамон барои ҳимоя ва барқарор намудани ҳуқуқҳову озодиҳояшон кӯмак мерасонам.