- Ман ҳомии ҳуқуқам. Барои чӣ ҳомии ҳуқуқ шудам? Барои он, ки зуд-зуд мебинам дар атрофам чӣ хел ҳуқуқҳои инсон нақз мешаванд. Хусусан ҳуқуқи занону кӯдакон. Ин яке аз гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ аст. Тавре таҷрибаи кории бисёрсола нишон дод, аз ҳама зиёд ҳуқуқҳои одамоне нақз мешаванд, ки ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ҳамзамон намедонанд онҳоро чи тавр ҳифз намоянд. Ба ин гурӯҳи одамон занҳои хонашин, занҳои каммаълумот, духтароне, ки омӯзишро дар синфҳои болоии 10-у 11 идома надодаанд, дохил мешаванд. Онҳо дар бораи ҳуқуқҳояшон маълумотнокии хуб надоранд. Аз ин одамони атрофашон истифода бурда, ҳуқуқҳояшонро нақз мекунанд ва онҳоро ба зӯроварӣ мувоҷеҳ месозанд.
Дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба ҳайси тренери ТҶ «Занони Шарқ», ман кӯшиш мекунам ҳамеша ба занҳо ҳуқуқҳояшонро фаҳмонам, механизмҳои огоҳонидан аз зӯровариро шарҳ диҳам, усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳояшонро омӯзонам. Барои занҳо ва духтарони ҷавон, ҷавонону кӯдакон чунин кӯмак зарур аст.