Зулфия Голубева, хабарнигори ҳафтаномаи «Вечёрка»: Ҳар як инсон метавонад ҳуқуқҳои худро ҳимоя намояд

 

Ҳимояи ҳуқуқи инсон барои ман мавзуи хело рӯзмарра аст. Ман ба он ҳамчун шаҳрванди оддӣ таваҷҷуҳ дорам. Барои худи ман қисман маълумоти сазовору оқилона дар бораи он, ки ҳангоми ҳимояи ҳуқуқҳоям ин ё он мушкилиро чи гуна ҳал намоям, кофӣ нест. Хоҳ баҳс бо фурӯшанда дар мағоза бошад, хоҳ бо кормандони хадамоти коммуналӣ ё мансабдорони давлатӣ ва ғайра. Охир, танҳо ман чунин нестам.

Мутаассифона, донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандони мо беҳбудӣ мехоҳад. Бисёре аз мо бо беқонунӣ муросо мекунанд ва хатокорона чунин мешуморанд, ки ҳақиқатро ба даст овардан номумкин аст.

Матолибе, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқ омода месозам, қариб ҳамеша аз суолҳои шахсии ман пайдо мешаванд, яъне, маро масоиле ҷалб мекунанд, ки мехоҳам шахсан худам бо онҳо сарукор гирам.

Боварӣ дорам, ки ҳар як инсон метавонад ҳуқуқҳои худро ҳимоя намояд. Аз ҳама асосӣ - ин доштани маълумоти ҳуқуқии кофӣ ва хоҳиши даст ёфтан ба адолат аст.